Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти адвокате бо гумони қаллобӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Б.М. дар вазифаи адвокати Коллегияи адвокатҳои «Суғд» кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани ақди никоҳи ӯ ва ҳамсараш маблағи 4000 сомонӣ талаб менамояд.
Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Б.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шудааст.
Вобаста ба ҳолати болозикр нисбати муттаҳам бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.