Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Ӯзбекистон се бозии дӯстона мегузаронад

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Ӯзбекистон се бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Рақобатҳо байни тимҳо рӯзҳои 14-ум 15-ум ва 17-уми июл дар Ҷиззах баргузор мегардад.

Бояд зикр намуд, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” ҳунарнамоӣ мекунад. Мунтахаби кишвар дар ин гуруҳ бо тимҳои миллии Баҳрайн (27-сентябр), Ӯзбекистон (29-сентябр) ва Туркманистон (1-октябр) рақобат менамояд.

Сорбон Амонуллозода

радиои “Тоҷикистон”