Бо мақсади дастгирии ниёзмандон дар остонаи Иди Қурбон дар Суғд чорабиниҳо доир мешавад

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 9 июл ба муносибати Иди Қурбон дар муассисаҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона гузаронида мешавад. Дар ин бора Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.

Манбаъ менависад, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар 12 муассисаи иҷтимоии мустақар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Спитамен, Ҷаббор Расулов дастархони идона ороста хоҳад шуд.

Дар назар аст, ки бошандагони мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактаби бачагони ятим ва маъюб, хонаи кӯдакон ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуда, аз ҷониби сарпарастон туҳфаҳои идона супорида шавад.