“Asia-Plus”: Авиатсияи граждании Тоҷикистон ба дастгирии давлатӣ ниёз дорад (Шарҳи матбуот)

Натиҷаҳои сафари кории Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон, таҷлил аз солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар, камбуди ҳавзҳои шиноварӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва нигаронӣ аз афзоиши ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ аз мавзӯъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 29 июн мақолае бо номи “Ваҳдати миллӣ. Сароғози бунёдкориҳо ва дурнамои рӯзгори босаодат” чоп карда менависад, ки бузургтарин хидмати Пешвои миллат дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст, зеро ин раванд шароити барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорир фароҳам овард.

Муаллифи матлаб Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ дар идома таъкид кардааст, ки саҳми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар таъмини оромию осоиштагӣ, ризоияти миллӣ, таҳкиму барқарории сохти конститутсионӣ ва давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои миллат хеле назаррас мебошад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 28 июн бо нашри матлабе аз ҳалли пурра наёфтани масъалаи таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллиф менависад, ки тибқи маълумоти расмӣ, дастрасии аҳолӣ ба об дар соли 2011-ум 48,6 дарсадро ташкил дода, шумораи аҳолӣ 7 миллион нафар буд ва ҳоло таъминоти аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ бо оби нӯшоӣ  67,1 дарсад мебошад, ки шумораи аҳолӣ қариб ба 10 миллион нафар баробар шудааст.

Ба таъкиди муаллиф, сабаби асосии ин ҳолат фарсуда гаштани иншоотҳои обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ мебошад, ки ҳанӯз замони шуравӣ сохта шуда, ба таҷдиду бозсозӣ ниёз доранд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 30 июн хабар додааст, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон тарҳи созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» баррасӣ ва тасвиб шуд.

Ба гуфтаи Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири молияи Тоҷикистон дар чорчӯби ин лоиҳа, ки 4,4 миллион евро арзиш дорад, бояд 13 деҳа дар 4 ҷамоат бо фарогирии 2520 хоҷагӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин карда шаванд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 29 июн дар сармақолаи хеш гузориши муфассале аз натиҷаи сафари кории Президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон нашр карда, дар ин замина ба муҳимтарин соҳаҳои ҳамкории миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахши иқтисоду тиҷорат, амният ва дифоъ ишора кардааст.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре бо номи “Зам мешаваду кам не” аз афзоиши ҳолатҳои бекор кардани ақди нигоҳ дар вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллиф бо такя ба омори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи Хатлон навиштааст, ки дар чор моҳи аввали соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят расман ақди никоҳи 1317 оила бекор карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 312 ҳолат зиёд аст.

Муаллиф дар идома таъкид мекунад, боиси таассуф аст, ки бо сабаби пошхӯрии оилаҳо 1527 кӯдак зиндаятим мондаанд. Бо назардошти чунин ҳолат муаллиф аз ниҳодҳои зидахл, бахусус Кумитаи кор бо занон ва оила дархост кардааст, корҳои тарғиботиро миёни ҷавонон дар ҳамкорӣ бо руҳониёни кишвар тақвият бахшанд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 30 июн вазъияти феълии авиатсияи шаҳрвнадии Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, дар соли 1988 дар Тоҷикистон танҳо дар  хатсайрҳои дохилӣ ҳамарӯза 33 парвоз анҷом мешуд. Дар ҳоли ҳозир бошад дар дохили ҷумҳурӣ танҳо як парвоз дар масири Душанбе – Хуҷанд – Душанбе анҷом мешавад.

Аз сӯи дигар, ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Тоҷик Эйр” бошад, ба далели мушкилоти иқтисодӣ ду сол аст, ки аз павроз бозмондааст.

Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре бо такя ба иттилооти Агентии омор хабар додааст, ки дар Тоҷикистон дар 5 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли моҳӣ, гӯшти мурғ ва тухм афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла дар ин муддат дар кишвар 17,7 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол шудааст, ки нисбати соли гузашта 23,3% зиёд аст. Инчунин дар панҷ моҳи соли 2022  дар Тоҷикистон 487,5 миллион тухм истеҳсол шуааст, ки дар қиёс ба соли 2021 27,1% бештар аст. Дар баробари ин парвариши моҳӣ 33.1% афзоиш ёфта, дар панҷ моҳи соли 2022 ба 1043 тонна расидааст.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 30 июн бо нашри матлабе аз набудани ҳавзҳои шиноварии муосир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон интиқод кардааст. Ба навиштаи муаллиф, феълан дар вилояти Хатлон 35 ҳавзи шиноварӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ин миён 7-тои он корношоям ҳастанд. Дар маркази вилояти шаҳри Бохтар бошад ҳамагӣ 3 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, яктояш корношоям ва яки дигар пулакӣ ҳаст. Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди муаллиф Хатлон яке аз вилоятҳои гармтарини кишвар маҳсуб шуда, тобистон ҳарорати ҳаво то ба 47 дараҷа мерасад. Ин аст, ки дар фасли гармо бархе сокинон дар каналҳое, ки барои шиноварӣ пешбинӣ нашудааст, оббозӣ намуда, ҳолатҳои ғаршавии одамон сар мезанад.

Одина Маҳмад

Радиои “Тоҷикистон”