Марди 42-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.
“Ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2021, марди 42-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои харидани 5-адад автомашинаҳои гуногун тамға аз Ҷумҳурии Гурҷистон, 138 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”, – омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ин банди қонун аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.