Соҳибкорони Ӯзбекистон барои бунёди гармхонаи замонавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Темурҷон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 1 миллион доллар сармоягузорӣ менамоянд.
Хабари ташаббуси соҳибкорони ӯзбек дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкор аз Ӯзбекистон Назирҷон Қодиров баррасӣ гардид, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Зимнан зикр мегардад, ки хоҷагии деҳқонии мазкур соли 2014 бунёд ёфта, наздики 5 гектар заминро дар ихтиёр дорад.
Аҳмадзода зимни суҳбат аз густариши робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни соҳибкорони тоҷику ӯзбек изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Ӯ ҳамзамон тақвияти ҳамкориҳоро натиҷаи сиёсати сарони ду давлат арзёбӣ намудааст.
Таъкид гардидааст, ки доираҳои тиҷоратии ду тараф дар бахшҳои мухталиф, бавижа кишоварзӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманд дошта, умед аст, ки дар оянда тарҳҳои муштаракро амалӣ созанд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки соҳибкорони тоҷику ӯзбек дар оянда низ аз имкониятҳои мавҷуда барои боз ҳам рушд бахшидани ҳамкориҳо истифода мекунанд.