Осорхонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар муассисаи илмӣ ва маърифатиест, ки ба кори гирдоварӣ, омӯзиш, нигаҳдорӣ, ташвиқу тарғиби ёдгориҳои таърихӣ ва осори маданияти моддию маънивии хадамоти мазкурро ба роҳ мондааст.
Тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ корхонаву муассисаҳои давлативу хусусӣ таъсиси осорхонаҳо ва ҷамъоварӣ намудани осори мухталифи таърихии ба муассисаву корхона дахлдоштаро ба роҳ мондаанд, ки натиҷаи хуб ба бор оварда, аз кору пайкори кормандон гувоҳӣ медиҳад. Осорхонаи ВКД -и кишвар низ аз осорхонаҳоест, ки ҷиҳати экспонату нигораҳои зиёдеро дар худ маҳфуз нигоҳ медорад. Махсусан дар ин осорхона аз таърихи таъсиси Хадамоти давлатии оташнишонӣ нигораҳои зиёде боқӣ мондаанд, ки таваҷҷуҳи тамошобинонро ба худ ҷалб менамоянд. Мақсуда Дилбаршозода корманди осорхонаи мазкур дар суҳбат бо мо гуфт, ки дар гӯшаи “Хадамоти давлатии оташнишонӣ”-и Осорхонаи ВКД нигораҳо шурӯъ аз соли 1929 нигоҳдорӣ карда мешаванд.
Мақсуда Дилбаршозода корманди осорхонаи мазкур баён дошт, ки Осорхона яке аз ҷойҳои фарҳангии ин ниҳоди давлатӣ ба шумор меравад. Аз соли 1930 дар осорхона асбобҳои аввали оташнишонӣ нигоҳдорӣ карда шудаанд, ки ҳар нафаре ба осорхона биёяд нахуст ба ҳамин асбобҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Инчунин қайд гардид, ки аз осорхона ҳамасола 7 – 8 ҳазор нафар шаҳрвандон дидан менамоянд.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар осорхона беш аз 560 адад лавозимотҳои таърихиву замонавӣ нигоҳдорӣ карда шуда, ҳамзамон дар гӯшаи корҳои илмиву эҷодии мақомоти корҳои дохилӣ шумораи умумии китобҳо ба 545 адад расонида шудааст, ки бозгӯкунандаи фаъолияти кормандони соҳа мебошанд.
Парвина Самандарзода
радиои “Тоҷикистон”