Рӯзи 21-уми июн ҳамлавари мунтахаби Бразилия ва дастаи ПСЖ-и Фаронса Неймар, ки бо ҳавопаймоии шахсӣ ба Сан-Паулу сафар дошт, қариб буд ба садама дучор шавад.
Ҳангоми парвоз аз шаҳри Барбадос бинобар мушкили техникӣ дар шишаи пеши ҳавопаймо, сарнишин маҷбур мешавад нишасти изтирорӣ анҷом диҳад. Ба навиштаи расонаҳо ва тасдиқи хонаводаи Неймар, дар ин воқеа касе осеб надидааст.
Ҳамроҳ бо Неймар хоҳар ва дӯстдухтараш низ дар ҳавопаймо қарор доштанд. Гуфта мешавад, ки онҳо аз истироҳати чандрӯза дар Лас Вегас, Флорида ва Маямӣ ба Бразалия бармегаштанд.
Агент ва падари Неймар дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоиаяш навишт, ки «ҳарчанд мушкили чандон ҷиддии техникӣ набуд, аммо барои эҳтиёт сарнишин нишасти изтирорӣ анҷом дод. Шукр ҳама хубанд, ҷойи нигаронӣ нест».
Лозим ба ёдоварист, ки баъди таъмири ҳавопаймо, ҳайат сафарашонро идома дода ба Сан-Паулу омаданд. То анҷоми корҳои таъмирӣ Неймар бо кормандони фурудгоҳи шаҳри Боа Виста акси якҷоя гирифтааст.
Бояд гуфт, ки ҳавопаймои Неймар тамғаи Cessna 680 Citation буда, 17 миллион евро арзиш дорад. Он истеҳсоли соли 2008 мебошад.