Теъдоди қурбониёни заминларза дар Афғонистон наздик ба ҳазор нафар расидааст. Дар натиҷаи ин офати табиӣ беш аз 1500 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Қаблан расонаҳои хабарӣ дар бораи ҳалокати 250 ва маҷруҳ гардидани 600 нафар хабар дода буданд. Дар ҳамин ҳол мақомоти маҳаллӣ хабар додаанд, ки шумори қурбониён метавонад афзоиш ёбад, зеро заминларза садҳо хонаро дар минтақаи кӯҳистонӣ тахриб кардааст ва чандин нафар то ҳол зери харобаҳо боқӣ мондаанд.
Бино ба иттилои Хадамоти геологии ИМА, заминларза дар умқи тақрибан 51 километр дар 44-километрии ҷанубу ғарби Ҳуст бо қуваи 5,9 бал рух додааст. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ мақомоти Афғонистон тасмим гирифтааст, ки ба хонаводаҳои қурбониён 100 ҳазор афғонӣ (ҳудуди 1124 доллар) ва ба осебдидагони заминларза 50 ҳазор афғонӣ (ҳудуди 558 доллар) пардохт кунанд.
Ёдовар мешавем, ки заминларза ба вақти маҳаллӣ соати 01:30, санаи 22-уми июн рӯх додааст. Тибқи иттилои Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ, дар 10 соли охир беш аз 7000 нафар бар асари заминларзаҳо дар Афғонистон ба ҳалокат расиданд.