Дар маркази вилояти Балуҷистони Покистон – шаҳри Кветта як нафар ҷони садҳо касро наҷот додааст.
Тавре хабаргузории “Синхуа” дар такя ба маълумоти Идораи равобити ҷомеаи Покистон хабар медиҳад, Файсал Балуҷ як танкери сӯхтаи нафтро бо 10 ҳазор литр бензин аз манотиқи аҳолинишин дур кард.
Мақомоти маҳаллӣ аз амали “фидокорона”-и Балуҷ қадрдонӣ карда гуфтаанд, ки вай “бо хатар гузоштани ҷони худ ҷони бисёриҳоро наҷот додааст”.
“Вақте сӯхторро дидам, бо вуҷуди оташи ғуррон шитофтам”, – гуфт ӯ, вақте раҳгузарон аз ронанда илтиҷо мекарданд, ки ӯро боздорад.
Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ин амалкарди ронандаро қаҳрамонӣ номида, ӯро бо ҷоиза қадрдонӣ намуд.
Баҳруллои Маҳмадшариф
радиои “Тоҷикистон”