Натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об—барои рушди устувор» солҳои 2018 — 2028, дар шаҳри Душанбе, дастовардҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Анҷоми мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи артиш, тақвияти тадбирҳо барои ҷалби мардум ба ваксиназанӣ зидди коронавирус ва норизоятӣ аз қазовати ҳакамон дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” аз мавзӯҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 7 — 8 июн мақолаҳое таҳти унвони «Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сеюми пешвоёни Эътилоф оид ба обу иқлим», «Иштироки Пешвои миллат дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад» оид ба рафти баргузории Конфронси мазкур, ки дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд доир гашт, хабару гузоришҳо нашр намудааст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 9 июн мақолае бо номи “Шоҳроҳ. Дар ҳифзи сатҳу сифати он чаро бетарафем?!” чоп карда, навиштааст, ки ҳамасола тақрибан 500 рама моли майда, наздик ба як миллион сар аз вилояти Хатлон ба водии Рашт бурда мешавад. Дар ин ҳолат, садҳо ҳазор сар чорвои майда баробари воситаҳои нақлиёти мусофирбару боркаш аз шоҳроҳи мазкур гузашта, дар натиҷа мусофирону ронандагон бо мушкили роҳбандӣ дучор мегарданд.
Сафаралӣ Назаров, директори Муассисаи давлатии “Трести чарогоҳу мелиоративӣ” дар ин маврид гуфтааст, ки дар қисми зиёди масири чорвогузари ин минтақа боғу манзилҳо сохта шуда, аз ҷониби дигар, ҳангоми сохтмони роҳҳои нав аз ҷониби масъулони соҳаи нақлиёт ва идораи замин роҳҳои чорвогузар ба назар гирифта нашудаанд.
Аз сӯи дигар ба гуфтаи муаллиф роҳи ҳалли дигари мушкилот ин аст, ки чорво бо мошинҳои калонҳаҷми боркаш интиқол дода шавад ва ин усули интиқоли чорво ҳоло дар ҳудуди ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун истифода мешавад, ки мушкили танбашавии мошинҳоро дар шоҳроҳ аз байн бурдааст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 9 июн мақолае бо номи “Пахта амнияти саноатиро таъмин менамояд” нашр кардааст, ки дар он олимони соҳа роҳҳои афзоиши ҳосилнокии пахтаро пешниҳод кардаанд.
Муаллифон навиштаанд, ки дар сурати аз як гектар пахтазор рӯёндани ҳосили 30 сентнерӣ, метавон то 12 ҳазор м2 газвор, 277 кило равған, 726 кило кунҷора, 47 кило собун 108 кило линт ва дигар маҳсулоти заруриро истеҳсол кард. Дар он сурат даромади умумии ҳосили пахта зиёда аз 12 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ба таъкиди муаллифон хоку иқлими Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки ҳосилнокии зироати пахта бо риояи агротехникаи ҷорӣ ва истифодаи самаранокии захираҳои обу замин на кам аз 45 — 50 сентнер аз гектар бошад.
Нашрияи “Садои мардум” дар мақолаи дигаре бо номи “Тарғиби гадоӣ аз тариқи «Youtube» ва хавфи мӯд шудани он” навиштааст, ки ҳоло сербинандатарин «контент» дар «YouTube»-и тоҷикӣ навори кӯмакхоҳии бархе аз ҳамватанон мебошад, ки дар як шабонарӯз то 500-600 ҳазор бинанда дорад. Муаллиф менависад, ки бешубҳа, ин амали блогеронро метавон хуб гуфт, зеро маҳз тавассути навори онҳо қаҳрамони матлаб аз мушкил, ки шояд барои бартараф карданаш солҳо меҳнат мекард, халос шуд. Вале бадии кор дар он аст, ки баъзе аз қаллобон метавонанд барои дарёфти пули муфт худро бечораву муҳтоҷ вонамуд кунанд.
Ба хулосаи муаллиф ҳеҷ кас бар зидди хайр кардану дасти эҳтиёҷмандро гирифтан нест, ҳар кас метавонад ба муҳтоҷон кӯмак расонад, вале тарзе бояд амал кард, ки талбандагӣ мӯд нашавад, ки одати бисёр зишт аст. Мӯд шудани талбандагӣ боз аз он ҷиҳат бад аст, ки минбаъд ин тоифа намехоҳанд кор кунанду меҳнат, зеро медонанд, ки дар назди камераи блогер як бор бо чашмони ашкбор намоён шаванд, ба корти бонкиашон пул мегузаронанд, – таъкид мекунад муаллифи мақола.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 8 июн дар мақолае бо номи “Лагер барои пулдорон” масъалаи истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасонро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф қарор аст шурӯъ аз 14 июн то 9 августи соли ҷорӣ беш аз 10 ҳазор кӯдакону наврасони пойтахт ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта шаванд, ки аз ин миён зиёда 4 ҳазор кӯдак аз 37 мактаби пойтахт ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ дар ноҳияи Варзоб мераванд.
Дар идома муаллиф менависад, ки дар баробари ин истироҳатгоҳҳои зиёди хусусӣ низ берун аз шаҳр мавҷуданд, ки барои истироҳату фароғати кӯдакон тамоми шароитро доранд. Аммо мушкил ин аст, ки нархи хизматрасонӣ дар ин истироҳатгоҳҳо барои даҳ рӯз аз 1200 то 2000 сомонӣ арзиш дорад, ки барои аксари оилаҳо нархи гарон аст.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре масъалаи истифода аз мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карда, навиштааст, ки айни замон яке аз ширкатҳои хадамоти таксӣ 20 адад автомобили барқӣ дорад. Ин мошинҳо бо як бор неру гирифтан имкон доранд то 400 км. масофаро тай кунанд, яъне бо масрафи 30 сомонӣ барои неруи барқ метавонад аз Душанбе бо Хуҷанд сафар кард. Аммо мушкилоти асосӣ дар роҳи афзоиши шумораи мошинҳои барқӣ арзиши гарони он аст, ки нархи он беш аз 22 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 9 июн дар матлаб навиштааст, ки бо болоравии нархи орд арзиши нон дар бозору мағозаҳо 50 дарсад афзоиш ёфтааст. Ба навиштаи муаллиф аксари нонвойхонаҳо ба хотири аз даст надодани муштариён вазни нонро аз 300 грамм то 250 грамм кам карда, нархи нонро бетағйир гузоштаанд. Дар акси ин ҳол имокн дошт нархи нон то 4-5 сомонӣ боло равад.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре аз коҳиши навъҳои маҳалии дарахтони мевадиҳанда дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Ба наивштаи муаллиф дар солҳои охир бештар тухмии дарахтони мевадор аз Туркия, Голандия, Полша ва Амрико ворид карда шуда, баъдан ниҳолҳои он дар дохили кишвар парвариш меёбанд. Ба гуфтаи коршиносон яке аз омилҳои асосии ин раванд он аст, ки деҳқонон дар пайи афзоиши ҳосил ва касби даромади бештар рӯ ба навъҳои серҳосили дарахтони мевадори хориҷӣ овардаанд.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 9 июн дар мақолае навиштааст, дар ҳоле ки аксари кишварҳои ҷаҳон аз 1 июн маҳдудиятҳои ковидиро лағв кардаанд, Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари ҷаззоб барои сайёҳон бояд ин корро анҷом диҳад. Ба навиштаи муаллиф таҷрибаи солҳои пеш аз пандемия, яъне 2017 то 2019 нишон дод, ки Тоҷикистон барои рушди сайёҳӣ имкониятҳои зиёд дошта, иқтисоди кишвар низ аз ҳисоби даромадҳои соҳаи сайёҳӣ бештар рушд кунад.
Давлатов О.
радиои “Тоҷикистон”