Дар доираи лоиҳаи «Корвони саломатӣ», ки бо маблағгузории Фонди авруосиёии субот ва рушд дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуд, ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ду адад нақлиёти сайёри тиббӣ дастрас карда шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар маросими муаррифии нақлиёти сайёри тиббӣ, ки бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, иттилоъ дода шуд, ки дастрасии чунин маҷмӯи нақлиёти сайёри тиббӣ барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан сокиноне, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, нақши муҳим хоҳанд бозид.
Гуфта мешавад, нақлиётҳои махсуси сайёр дорои таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ аст. Тавассути нақлиёти сайёр ба таври таҷрибавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд, ки аз ҷониби табибон 200 нафар аз муоина гузаронида шуданд. Сокинонро табибони амрози дарунӣ, амрози занона, дилшинос, духтурони чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, дилшиносон бо истифода аз таҷҳизоти нақлиёт муоина намуданд.