Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) зери роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар Ҷоми Осиё-2022 дар Ӯзбекистон бозии дуюмашро анҷом дод.
Дастаи мунтахаби кишвар дар даври дуюм дар чаҳоргонаи “D” бо ҳамсолони худ аз Аморати Муттаҳидаи Араб рақобат намуда, бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Дар вохӯрии дигари гурӯҳ мунтахабҳои Ҷопон ва Арабистони Саудӣ бозиро мусовӣ 0:0 анҷом доданд.
Дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) рӯзи панҷшанбеи 9-уми июн бо тими Ҷопон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Бунёдкор”-и Тошканд баргузор мегардад.
Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои то 23-сола
Гурӯҳи “D”
Даври 2-юм
Тоҷикистон — АМА — 0:2
Голҳо: Абдулазиз Ал-Блушӣ, 13 (0:1). Мансур Саид Ал-Менхалӣ, 78 – аз пеналтӣ (0:2).