Дар рӯзи аввали “Tbilisi Grand Slam-2022” Тоҷикистонро ду паҳлавони ҷавону умедбахш Шаҳбоз Саидаброров ва Эмомалии Нуралӣ дар вазни -66кг муаррифӣ намуданд.
Эмомалии Нуралӣ дар даври аввали рақобатҳои “Tblisi Grand Slam-2022” аз ҷудокори ӯзбек Муҳриддин Тиловов шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо бенасиб гардид.
Шаҳбоз бошад баъд аз ду пирӯзӣ дар марҳилаи 1/4 ниҳоӣ бо ҷудочии Молдова Денис Виеру рақобат намуд. Дар ин рақобат ҷудочии тоҷик ҳунарнамоии хуб нишон дод ва ҳатто ба ғалаба наздик буд. Лекин дар лаҳзаҳои охири рақобат бо гирифтани огоҳии сеюм, шикаст хӯрд. Баъди ноком гардидан аз варзишгари молдовагӣ Шаҳбоз дар даври тасаллобахш бо намояндаи Бразилия – Лима Виллиан нерӯсанҷӣ кард. Мутаасифона дар ин нерусанҷӣ низ бахт ба рӯи Шаҳбоз нахандиду дучори шикаст гардид ва ҷойи 7-ум насибаш гашт.
Ҳамин тариқ, рӯзи аввали “Tbilisi Grand Slam- 2022” барои ҷудочиёни тоҷик бенатиҷа хотима ёфт.