Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бозии дӯстонаро бар муқобили мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бо пирӯзӣ анҷом дод. Дидори дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо натиҷаи 3:1 бар нафъи тими ҷавонони кишвари мо ба анҷом расид.
Аз ҳайати тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон голҳоро Салам Ашӯрмамадов, Азизбек Ҳайитов ва Меҳроб Асоев ба самар расониданд. Муаллифи голи ягонаи тими мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб Ал-Ҷуниби Ҳазза гардид.
Тимҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб вохӯрии дуюми дӯстонаро рӯзи 4-уми июн дар Душанбе анҷом медиҳанд. Вохӯрии дастаҳо соати 20:00 оғоз мегардад.
Бозии дӯстона:
Тоҷикистон (U-20) – Аморати Муттаҳидаи Араб (U-20) – 3:1.
Голҳо: Салам Ашӯрмамадов, 24 (1:0). Азизбек Ҳайитов, 67 (2:0). Меҳроб Асоев, 90+1 – аз зарбаи 11-метраи ҷаримавӣ (пеналтӣ) (3:0). Ал-Ҷуниби Ҳазза, 90+3 (3:1).