Шаби 1-уми июн дар доираи рақобати Ҷоми Финалиссима дидори мунтахабҳои Италия ва Аргентина баргузор гардид. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Уэмбли”-и шаҳри Лондон (Англия) баргузор гардида, бо натиҷаи 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 28-уми қисми аввали рақобат Лаутаро Мартинес кушода ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард. Дар анҷоми қисми аввал бошад нимҳимоятгари мунтахаби Аргентина Анхел Ди Мария голи дуюми дастаашро ба самар расонид. Голи сеюми аргентиниҳоро Пауло Дибала ба нишон расонида, ба ҳисоби бозӣ нуқта гузошт.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби Италия барандаи Ҷоми футболи Аврупо дар соли 2021 гардида, тими миллии Аргентина барандаи Ҷоми Амрико шудааст. Ҳамин тариқ, Иттиҳодияи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва Конфедератсияи футболи Амрикои Ҷанубӣ (КОНМЕБОЛ) дар якҷоягӣ Ҷоми Финалиссимаро таъсис доданд. Мунтахаби Аргентина бошад аввалин ғолиби Ҷоми Финалиссима дониста шуд.
Сорбон Амонуллозода,
радиои “Тоҷикистон”