Шурӯъ аз 3 то 5 июн дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон Мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба намуди гӯштини дзюдо «Tbilisi Grand Slam- 2022» баргузор мегардад.
Дар ин мусобиқа аз рӯи 7 вазн 285 варзишгар аз 38 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа дар сабқати мардон Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни то 81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни то 90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳарду дар вазни то 100 кг) намояндагӣ менамоянд, хабар дод Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Дар рӯзи аввали мусобиқа – 3 июн қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешаванд. Дар рӯзи дуюм – 4 июн гӯштингирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 5 июн бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг ва +78 кг миёни занон ба поён мерасанд.
Зикр мегардад, ки варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Барои ҷои аввал 5000 евро, ҷои дуюм — 3000 ва ҷои сеюм 1500 евро пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2021» ду паҳлавони шинохтаи тоҷик – Шаҳбоз Саидаброров ва Комроншоҳи Устопириён ширкат доштанд. Шаҳбоз медали биринҷӣ ба даст овард, вале Комроншоҳ ноком шуд.