Сар аз 6 июн парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Олмон дигарбора аз сар гирифта мешавад. Дар ин бора аз ширкати “Somon Air” хабар доданд.
Манбаъ гуфт, парвозҳо дар масири Душанбе – Мюнхен – Душанбе ҳафтае як бор, рӯзҳои душанбе сурат мегиранд. Парвоз аз Тоҷикистон соати 06:00, аз Олмон соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ дар назар аст.
Гуфта мешавад арзиши чипта дар бахши тиҷорӣ (бизнес-класс) 607 евро, баробар ба 7,4 ҳазор сомонӣ ва дар қисмати муқаррарӣ (эконом) 427 евро – 5,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бозгашт аз Олмон ба Тоҷикистон мутаносибан 672,52 евро ё 8,2 ҳазор сомонӣ ва 492,52 евро ё 6 ҳазор сомонӣ нарх хоҳад дошт. Вақти сафар тақрибан 6 соатро дар бар мегирад.
Барқарор гардидани парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Олмон дар ҳолест, ки Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии кишвар ахиран аз азсаргирии парвозҳои мустақим аз Душанбе ба Чин хабар дод. Дар назар аст, ки парвозҳо дар масири Душанбе – Урумчӣ – Душанбе аз рӯзи 23 июн оғоз гардад.
Ин ниҳод гуфт, парвозҳо дар ин масир дар ду ҳафта як бор ва моҳе ду маротиба сурат мегирад, ки якеро “Somon Air” ва дигареро “China Southern Airlines” анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 робитаи ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва аксари кишвари ҷаҳон ба далели авҷ гирифтани коронавирус канда шуд.