Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ 1 тоннаву 185 киллову 434 грамм маводи нашъаовар мусодира гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 дарсад камтар мебошад. Ин нукта, имрӯз дар нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид.
Ҳамзамон дар нишаст қайд шуд, ки дар шашмоҳаи имсол нисбат ба 216 нафар парвандаҳои маъмурӣ боз шуда, бештар аз 175 ҳазор сомонӣ ҷарима ба буҷети давалтӣ ворид шудааст.