Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи нуҳуми Комисссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад.
Бино ба гузориши хабаргузории “Ховар”, ҷаласа таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон ва ҳамтои ӯзбекистонияш Абдулло Орипов, ки имрӯз барои иштирок дар ин ҷаласа ба Душанбе ташриф овард, мегирад.
“Дар ҷаласа маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти иқтисод ва тиҷорат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд шуд”, – омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин боздиди ҳайати меҳмонон аз корхонаи тавлиди об – «Сиёма» ва «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе дар назар аст.
Дар назар аст, ки дар доираи баргузории ҷаласа ҳайати Узбекистон аз корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» ва «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе дидан кунад.
Баррасӣ ва арзёбии таҳкими ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ дар ҳолест, ки тайи солҳои охир муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон майли афзоиш дорад. Аз ҷумла соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 34,2% афзоиш ёфта, ба беш аз 447,8 миллион доллар расид.
Дар солҳои аввали 2000 Ӯзбекистон яке аз се шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон ба шумор мерафт ва ҳаҷми муомилоти мол миёни ин кишварҳо дар як сол беш аз 500 миллион долларро ташкил медод.
Дар чаҳор моҳи аввали соли 2022 ин рақам аз 173 миллион доллар гузашт. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 млн ва ё 30,4% зиёд аст.
Молҳои аслии Тоҷикистон, ки Ӯзбекистон мехарад, алюминийи аввалия, нерӯи барқ, намак, семент, оҳак ва ғайра мебошанд.
Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон асосан нуриҳои минералӣ ва кимиёӣ, гази табиӣ, асбобҳои рӯзгор, либос ва ғайра ворид мешавад.