“Манчестер Сити” бо камбеки таърихӣ ва “Милан” пас аз 11 сол чемпион шуданд

Бошгоҳи “Манчестер Сити” дар бозии даври 38-уми Премер Лигаи Англия муқобили “Астон Вилла” рақобати арзанда нишон дода, бо камбэки таърихиаш шогирдони Стивен Ҷеррардро дучори шикаст намуд ва Қаҳрамони Премер Лигаи Англия дар мавсими 2021/2022 гардид. То ба анҷоми чемпионати Англия бошгоҳи “Манчестер Сити” ва “Ливерпул” барои қаҳрамони мубориза бурданд. Фарқият миёни ин дастаҳо танҳо як имтиёз буд ва шогирдони Пеп Гвардиола бо бартарӣ доштани як имтиёз тавонистанд унвони қаҳрамониро соҳиб шаванд.

Дар бозии охирине, ки футболбозони “Манчестер Сити” муқобили “Астон Вилла” доир намуданд, дастаи шаҳриҳо бо ҳисоби 0:2 рӯ ба бохт доштанд. Тағйироте, ки Гвардиола дар дақиқаи 68-ум анҷом дод ва ба ҷои Бернардо Силва Гюндоганро ба майдон баровард, рафти бозӣ куллан тағйир ёфт ва Гюндоган тавонист дар дақиқаи 76-ум гол ба самар расонида, умеди ҳамдастаҳояшро дубора зинда гардонид. Бо гузашти ду дақиқа аниқтараш дар дақиқаи 78-ум Родри голи дуюми “Манчестер Сити”-ро ба самар расонида, ҳисоби бозиро баробар намуд. Дар дақиқаи 81-уми рақобат бошад, Гюндоган голи ғалабаовари дастаашро ба ҳадаф расонида, бо камбэки боварнокарданиашон футболбозони “Манчестер Сити” — Қаҳрамони Премер Лигаи Англия дар мавсими 2021-2022 гардиданд.

Дар мавсими имсолаи Премер Лигаи Англия бошгоҳи “Манчестер Сити” бо касби 93-имтиёз дар садри ҷадвал ҷой гирифт. Бо фарқияти як хол бо соҳиб шудани 92-имтиёз “Ливерпул” дар ҷои дуюм, “Челси” ва “Тоттенхем” дар зинаҳои сеюм ва чорум қарор гирифтанд. Ин дастаҳо дар чоргонаи беҳтарини мавсими имсолаи Премер Лигаи Англия қарор гирифта, роҳхати марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Аврупоро дар мавсими 2022/2023 соҳиб шуданд.

Дар ҳамин ҳол, дар Серия А ду даста “Интер” ва “Милан” ин мавсим барои қаҳрамони мубориза бурданд. Муайян гардидани ғолиб дар Чемпионати Италия мисли Премер Лигаи Англия то охирин даври мусобиқа давом ёфт. Дар бозии даври 38-уми Серия А-и Италия бошгоҳи “Милан” тавонист “Сассуоло”-ро бо ҳисоби 3:0 ноком карда, ғолиби Серия А-и Италия гардад. Дар дақиқаи 17-уми ин рақобат Оливе Жиру гол ба самар расонида, ҳисоби дидорро боз намуд. Жиру боз тавонист дар дақиқаи 32-юми рақобат голи дуюмашро ба дарвозаи “Сассуоло” ворид намуда, ба номаш дубл сабт кунад. Голи сеюми “Милан”-ро Кесси ба самар расонида, ба ҳисоби бозӣ нуқта гузошт. Ҳамин тариқ бошгоҳи “Милан” баъд аз 11-сол дигарбора қаҳрамони Серия А-и Италия гардид.

Сорбон Амонуллозода