Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти мудири мактаби ронандагии “Меҳроб-2016” хабар дод, ки дар фурӯши шаҳодатномаи ронандагӣ гумонбар дониста мешавад.
Манбаъ гуфт, мудири мактаби мазкур бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ ба фурӯши ҳуҷҷати ронандагӣ даст задааст.
“Дастгиршуда бо суистифодаи ваколати идоравӣ бо мақсади ба даст овардани фоида ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо дар ду ҳолат маблағи 10 000 сомониро барои гувоҳномаи хатми курси таълимии ронандагӣ дараҷаи “В” талаб карда гирифтааст”, – омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.
Агентӣ мегӯяд, нисбати боздоштшуда бо моддаи 295, қисми 1, Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси ин модда ба боздоштшуда, аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.
Феълан назари худи айбдоршаванда ва қарори додгоҳ дар ин бора маълум нест.
Ин дар ҳолест, низоми ронандатайёркунӣ дар Тоҷикистон аз бахшҳои фасодзада арзёбӣ мешавад, ки порахӯрӣ дар он ба таври густурда паҳн шудааст.