Дар Душанбе Форуми “Президент, ҷавонон ва илми муосир” баргузор гардид

Имрӯз дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Президент, ҷавонон ва илми муосир” баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкурро Матлубахон Сатториён, муовини сарвазири Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, тамоми ҷавононро ба ин рӯз шодбош намуд.

Ӯ зимни суханронӣ ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар номида, ҷавононро дар ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Сатториён иброз дошт, ки дар марҳилаҳои гуногуни рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатӣ дар бахши ҷавонон қабули Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон қабул гардиданд, ки дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим мебозанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола 23 май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Ин сана аз соли 1997 бо қарори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад. Ба ифтихори он ҳар сол дар кишвар Фестивалҳои дӯстии ҷавонон, форумҳо, ҳамоишҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд.