ТИМИ ҶАВОНОНИ ЭРОН (U-16) – ҒОЛИБИ CHAMPIONSHIP CAFA-2022

Дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 16-сола ба анҷом расид. Мунтахаби Эрон аз ҷиҳати бартарӣ доштан, нисбат ба иштирокчиёни дигар қаҳрамони ин мусобиқа гардид.

Дар даври ниҳоии чемпионати CAFA-2022 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) зери раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов аз тими Эрон бо ҳисоби 0:7 дучори шикаст гардид.

Дар бозии дигар тими миллии Ӯзбекистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷаи мусобиқот якбора ду даста – Эрон ва Ӯзбекистон баробар 10-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Аммо ба далели беҳтарин тафовути тӯбҳо тими ҷавонони Эрон барандаи CAFA-2022 гардид. Ӯзбекистон медали “нуқра” ва мунтахаби Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз медани “биринҷи”-и ба даст овард.

Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, дабири кулли ФТФ Давлатманд Исломов ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов иштирок намуда, ғолибону ҷоизадорони чемпионати CAFA-2022 байни ФФТ-2022 мукофотонида шуданд.

Дар поёни мусобиқот ҷоизаи Fair Play ба тими Қирғизистон ва ҷоизаи махсус насиби тими Афғонистон гардид. Беҳтарин нишонзани мусобиқа бозигари тими миллии Ӯзбекистон Амирбек Саидов (7 гол) дониста шуд. Ҷоизаи гаронарзиштарин бозигари мусобиқот ба раҳбари тими Эрон Ризо Гандипур супурда шуд.

Championship CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонон (U-16)

Даври 1-ум

Ӯзбекистон — Эрон  2:2

Даври 2-юм

Қирғизистон — Тоҷикистон  0:2

Афғонистон — Ӯзбекистон  0:6

Даври 3-юм

Тоҷикистон — Афғонистон  0:0

Эрон — Қирғизистон  2:0

Даври 4-ум

Ӯзбекистон — Тоҷикистон 2:0

Эрон — Афғонистон  1:0

Даври 5-ум

Тоҷикистон — Эрон  0:7

Кирғизистон — Ӯзбекистон  2:3

1. Эрон 4 3 1 0 12-2 10

2. Ӯзбекистон 4 3 1 0 13-4 10

3. Тоҷикистон 4 1 1 2 2-9 4

4. Афғонистон 4 0 2 2 1-8 2

5. Қирғизистон 4 0 1 3 3-8 1

Сорбон Амонуллозода

радиои “Тоҷикистон”