Сисолагии таъсиси СААД ва нақши он дар таҳкими амнияти минтақа, амалиёти зиддитеррористӣ дар ВМКБ, вазъияти захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ, тақвияти ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Эрон ва афзоиши дигарбораи нахри орд дар бозорҳои кишвар аз мавзӯъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 18 май мақолае бо номи “Бадахшон. Фирефтаи расонаҳои иғвоангез нашавем!” нашр кардааст. Муаллиф дар ин мақола дар робита ба ҳаводиси охир дар вилояти Бадахшон навиштааст, ки таассуфовар аст, ки дар шароити ҳассоси амниятии минтақа ва авзои нигаронкунандаи кишварҳои ҳамсоя, бавижа Афғонистон, ки бо ВМКБ марзи тӯлонӣ дорад, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш амнияту субот ва ҳаёти осоиштаи ҷомеаро халалдор мекунанд. Аз сӯи дигар, ба таъкиди муаллиф, баъзе расонаҳо аз ин фурсат истифода бурда, ба ҷои он ки мардумро ба иттиҳод даъват намоянд, баръакс бо пахши иттилои носанҷида ва бо такя ба манбаъҳои номуътамад сокинонро ба гумроҳӣ мебаранд. Аз ин рӯ, ҳар нафарро зарур аст, ки ба ахбори расмӣ такя намояд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 17 май бо нашри мақолае мушкилот ва дурнамои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар кишварро баррасӣ кардааст. Муаллиф бо такя ба омори расмӣ менависад, ки айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 258 ҳазор оилаи занбӯри асал нигоҳубин шуда, соли 2021 дар кишвар 4390 тонна асал истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба соли 2020 наздики 170 тонна бештар мебошад.
Аммо, ба таъкиди муаллиф, ин нишондиҳанда барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти аҳолӣ, ки соле ду килограмм ба як нафар аст, кофӣ набуда, ҳосилнокӣ нисбат ба солҳои 70-уми асри гузашта низ хеле кам шудааст. Барои таъмини талаботи аҳолӣ бошад, солона бояд беш аз 18 ҳазор тонна асал истеҳсол кард.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мутахассисон дар ҷумҳурӣ 173 намуди дарахтону рустаниҳои гарддиҳанда ва шаҳдҷудокунанда дар майдони қариб 4 миллион гектар доман густурдаанд ва ин имкон медиҳад, ки шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 800 ҳазор ва истеҳсоли асал ба чордаҳ-шонздаҳ ҳазор тонна дар сол расонида шавад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи муаллиф, бо сабаби норасоии таҷҳизоти соҳавӣ танҳо асал мегиранду халос, ҳол он ки гарди гул ва ширеши занбӯр дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ нисбат ба асали молӣ аз 6 то 660 маротиба зиёд арзиш доранд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 19 май мақолае бо номи “Об ва рушди устувор” нашр карда навиштааст, ки тайи 50 соли охир ҳаҷми истеъмоли об дар ҷаҳон бештар аз ду маротиба афзуда, зиёда аз ин тақрибан 60 фоизи экосистемаҳои табиии ҷаҳонӣ, ки ба ин ё он тарз бо захираҳои об алоқаманданд, бар асари таъсири антропогенӣ харобгардида маҳсуб мешаванд.
Муаллифи мақола профессор Ҳаёт Одинаев, вакили Маҷлиси намояндагон дар идомаи ин мавзӯъ менависад, аз соли 2000-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори қабули 8 қатъномаи Маҷмаи умумии СММ гардид, ки ба ҳалли мушкилот дар соҳаи об бахшида шудаанд. Ба таъкиди профессор Одинаев ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти мушкилоти об дар сатҳи минтақавӣ ва глобалӣ саҳми арзанда гузошта, ба ҳалли онҳо дар таъмини рушди иҷтимоӣ – иқтисодӣ, таъмини устувории экологӣ, ноил шудан ба сулҳ ва осоиштагӣ ва рушди устувор мусоидат кард.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 14 май матлаби интиқодӣ нашр карда навиштааст, ки се сол қабл дар ин рӯзнома матлабе нашр гардид, ки дар он аз набудани бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Дегрези ноҳияи Муъминобод сухан мерафт. Аммо, мутаассифона, бо гузашти се сол тадбире амалӣ нашуда, сокинони ин деҳа дар ҳолати бемор шудан маҷбуранд бо азобу машаққат роҳи дарозро тай карда, ба беморхонаи марказии ноҳия муроҷиат мекунанд. Деҳаи зикршуда дар деҳоти «Чилдухтарон» ҷойгир буда, аз маркази ноҳия беш аз 20 километр фосила дошта, ин деҳа 1326 нафар аҳолӣ дорад.
Муаллиф дар хулоса савол гузоштааст, ки магар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва Раёсати тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб қудрати сохтани як бунгоҳи тиббиро надоранд?
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 18 май дар мақолае бо номи “Абобил-2” тайёраи бесарнишини Эрон ва Тоҷикистон ба чӣ қодир аст?” тақвияти ҳамкориҳои низомӣ-техникӣ миёни ду кишварро баррасӣ кардааст. Нашрия менависад, ки рӯзи 17 май дар Душанбе бо ҳузури генерал Муҳаммад Ҳусейн Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва генерал Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон корхонаи сохти ҳавопаймои бесарнишинӣ “Абобил-2” ифтитоҳ шуд. Нашрия менависад, ки ин бесарнишин қодир аст то масофаи 200 км парвоз карда, аз баландии 5 ҳазор метр майдони 770 км мураббаъро назорат кунад. Гуфта мешавад, ки бесарнишини “Абобил-2” метавонад ҳам тариқи роҳнамоӣ ва ҳам ба сурати худкор парвози назоративу иктишофиро анҷом диҳад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре масъалаи афзоши дигарбораи нархи орд дар Тоҷикистонро матраҳ карда, ба вазорати кишоварзӣ пешниҳод намудааст, ки барои таъмини ниёзҳои дохилии кишвар бо ғалла зарур аст, то дар оянда Тоҷикистон дар Русия ва Қазоқистон замин ба иҷора гирифта гандум кишт кунад. Дар баробари ин муаллиф оморҳои расмии вазорати кишоварзӣ дар бораи кишт ва истеҳсоли гандум дар дохили Тоҷикистонро зери суол бурда, таъкид кардааст, ки вазъияти нархҳо дар бозор бозгӯкунандаи ҳақиқати ҳол аст. Ба хулосаи муаллиф, ё омори истеҳсоли ғалла дар Тоҷикистон дурӯғ аст ё монополистон ба хотири гурез аз рақобат роҳҳоро бастаанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 19 май масъалаи истифодаи захираҳои обӣ дар Осиёи Марказиро дар мусоҳиба бо профессор Яраш Пӯлодов, корманди Пажӯҳишгоҳи масоили об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ баррасӣ кардааст. Ба гуфтаи профессор Пӯлодов, дар соли ҷорӣ Тоҷикистонро камобӣ таҳдид намекунад, аммо дар умум барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаи давлатии сарфаҷӯӣ дар истифодаи захираҳои обӣ зарур аст. Ба андешаи номбурда, айни замон мушкилоти асосӣ на камбуди об, балки истифодаи ғайримақсадноки захираҳои обӣ аст. Профессор Яраш Пулодов дар ин замина афзуд, барои мисол дар ҳоли ҳозир танҳо 40 дарсад обе, ки аз ҳавзаи Амударё ва Сирдарё гирифта мешавад, истифода шуда, боқӣ 60 дарсади он талаф мешавад. Бо назардошти ин кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, то ҳарчи зудтар истифода аз технологияҳои сарфаҷӯи дар масрафи об, мисли обмонии қатраӣ роҳандозӣ кунанд.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре мушкилоти низоми кредитии таҳсил дар Тоҷикистонро таҳлил карда, ба хулосае расидааст, ки ин усули таҳсил дар мактабҳои олӣ ба бунбаст рӯ ба рӯ шудааст. Ба навиштаи муаллиф, бо вуҷуди он ки Вазорати маориф ва илм ин иддаоро рад мекунад, аммо дастурамали нави супурдани имтиҳонот ин сару садоҳоро таъйид мекунад.
Дар ин дастурамал гуфта мешавад, ки аз ин ба баъд 60 дарсади имтиҳонот ба сурати шифоҳӣ ва 40 дарсади боқӣ дар шакли тест супурда хоҳанд шуд. Дар номаи Вазорати маориф ва илм таъкид мешавад, ки шакли шифоҳии супурдани имтиҳонот барои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ пешбинӣ шуда, барои фанҳои гуманитарӣ имтиҳонот ба сурати тестӣ баргузор мешавад. Нашрия аз қавли бархе устодон навиштааст, ки Вазорати маориф ва илм ин тасимро баъди шикоятҳои зиёди омӯзгорон ва донишҷӯён аз низоми кредитии таҳсил, қабул кардааст.
Ҳафтаномаи “Пайк” дар шумораи рӯзи 19 май бо нашри мақолае аз вазъияти ногувори мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод интиқод кардааст. Ба навиштаи муаллиф, ин муассисаи таълимӣ бо 110 хонанда ҳамагӣ 7 компютер дорад, ки танҳо 4-тои он кор мекунад. Изофа бар ин дар мактаби мазкур умуман ягон тахтаи электронӣ мавҷуд нест. Ҳамзамон муаллиф навиштааст, ки аз 10 синфхонаи мавҷуд 4-тои он таъмирталаб буда, вақти боронгарӣ аз болопӯши он об мечакад.
Одина Давлатов,
радиои “Тоҷикистон”