Рӯзҳои 21-22 май, соати 18.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба ифтихори 80-солагии ситораи балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги кишвар, ин барнома бо унвони “Малика: дирӯз, имрӯз ва ҳамеша” роҳандозӣ гардида, дар он устодони ҳунар аз Русия, Ӯзбекистон, Ҷопон ва Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Малика Собирова 22 майи соли 1942 дар шаҳри Сталинобод ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи Коллеҷи хореографии Ленинград (Академияи балети руси ба номи А. Я. Вагановаи кунунӣ) мебошад.
Балеринаи тоҷик ба аксари кишварҳои ҷаҳон, Бритониё, Ирландия, Ҷопон, Эрон, Миср, Урупо, Куба, Австралия ва Амрикои Лотинӣ сафарҳои ҳунарӣ доштааст.
Малика Собирова дорандаи унвони Ҳунарпешаи халқии ИҶШС ва Тоҷикистон ва ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мебошад.