Муштзани тоҷик Муҳаммад Аброриддинов аз мусобиқаи байналмилалии бокс, ки ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ генерали артиш Сагадат Нурмагамбетов дар шаҳри Алмато баргузор гардид, медали нуқра ба даст овард.
Тавре Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад, дар мусобиқа дар баробари варзишгарони кишвари мизбон, муштзанҳо аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок карданд.
Муҳаммад Аброриддинов дар вазни +92кг дар финал аз варзишгари қазоқ Дамир Тойбай шикаст хӯрда, ба медали нуқра даст ёфт.
Манбаъ афзуд, мусобиқа тибқи қоидаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс аз рӯи 13 вазн миёни мардҳо сурат гирифта, Қазоқистон 44 медал (10 тилло, 10 нуқра, 24 биринҷӣ), Ӯзбекистон 5 медал (3-1-1), Қирғизистон – 2 медал (0-1-1) ва Тоҷикистон – 1 медал (0-1-0) ба даст оварданд.