Даргузашти Исмоил Пирмуҳаммадзода – рӯҳонӣ ва наттоқи маъруф

Исмоил Пирмуҳаммадзода, яке аз рӯҳониёни маъруф субҳи имрӯз дар синни 70-солагӣ аз дунё даргузашт.

Дар ин бора наздикони Исмоил Пирмуҳаммадзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Иллати марги ӯ шарҳ дода нашудааст, вале наздикони марҳум ба расонаҳо гуфтаанд, ки ӯ аз дарди дил ранҷ мебурд.

Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз вақти намози пешин дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Исмоил Пирмуҳаммадзода дар доираҳои динӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон мавқеи хос дошта, аз худ мероси ғанӣ боқӣ мондааст. Ҳамзамон Исмоил Пирмуҳаммадзода наттоқ ва ровии моҳир буда, бо радиои “Тоҷикистон” аз солҳои 90-уми асри гузашта ҳамкории фаъолона дошт. Бо садои шевову гӯшнавозаш дар радиои “Тоҷикистон” дар хондани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ, “Осор”-и Мирзо Бедил, “Осор”-и устод Рӯдакӣ наттоқӣ кардааст. Асарҳои қироаткардаи ӯ дар “Хазинаи тилоӣ”-и радиои “Тоҷикистон” маҳфуз мебошад. Барои ҳамкориҳои пайваста ва пурсамар бо ҷоизаи Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2012) сарфароз гардидааст.

Исмоил Пирмуҳаммадзода аз соли 1991 то дами марг имом-хатиби Масҷиди марказии Ҳисор буда, дар чорабиниҳои фарҳангию илмӣ иштироки фаъолона дошт.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Лоҳутӣ, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва дорандаи медали “100-солагии матбуоти тоҷик” буд.