Муштзанбонуи тоҷик Шоира Зулқайнарова дар рақобати даври 1/4 финали чемпионати ҷаҳон оид ба бокс аз варзишгари Ҳиндустон – Парвин шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқатҳо бенасиб монд. Шоира дар вазни -63кг баъди ду пирӯзӣ дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ ноком гардид. Ҳамин тариқ чепионати ҷаҳон оид ба бокс барои муштзанбонувони тоҷик ба охир расид.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз чор варзишгар — Сумайя Қосимова (-48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63кг) муарифӣ намуданд.
Бояд қайд намоем, ки чемпионати ҷаҳон аз 6-ум то 21-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор гардида, дар ин мусобиқа 419-варзишгар аз 93-кишвари ҷаҳон иштирок намуда истодаанд.