Имзои 11 қарор дар Ҷаласаи баҳори Шӯрои вазирони ИДМ дар Душанбе

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони мақомоти корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори Иттиҳод ва раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.

Вазирон дар мавриди масъалаҳои мубрами рӯзномаҳои минтақавӣ  ва байналмилаӣ табодули ботафсили афкор намуданд ва иқдомҳои ҷориро оид ба таъмиқсозии равобити амалӣ дар тамоми самтҳои калидии ҳамкорӣ мутобиқ ба афзалиятҳои раёсати Қазоқистон дар ИДМ муфассал барасӣ карданд.

Зимни нишаст ба таҷрибаи баргузории машвартаҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар қолаби Иттиҳод, ки ба амалисозӣ ва ҳамоҳангсозии саъю талошҳои муштарак дар тамоми самтҳои фаъолияти Иттиҳод мусоидат мекунанд, баҳои баланд дода шуд. Ҳамзамон, вазирон доир ба татбиқи пай дар пайи Барномаи амал оид ба фаъолсозии шарокат байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ тавофуқ намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи мазкур 8-қарор ба имзо расид.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 13-уми октиябри соли 2022 дар Нур-Султон баргузор мешавад.