Муштзанбонуи тоҷик, Шоира Зулқайнарова дар рақобати нахустинаш дар чемпионати ҷаҳон пирӯзӣ ба даст овард. Рақобат миёни Шоира ва варзишгари Қувайт Алмутари Ноура 5-раунд идома ёфт. Билохира бо қарори доварон муштзанбонуи тоҷик Шоира Зулқайнарова бо ҳисоби 5 бар 0 ҳарифашро ноком карда, ба даври 1/16 финали чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт.
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, кишвари моро дар ин мусобиқаи бонуфуз 4-варзишгар — Сумайя Қосимова (-48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50кг), Миҷгона Самадова (-57кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63кг) намояндагӣ доранд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа муштзани кишвари мо Сумая Қосимова зери вазни то 48 кг ҳунарнамоӣ карда аз муштзани булғорӣ Севда Асенова шикаст хӯрд. Ҳамчунин муштзани дигари тоҷик Миҷгона Самадова зери вазни то 57 кг аз муштзани тайванӣ Лин Ю –Тин ноком гардид.
Бояд қайд намоем, ки чемпионати ҷаҳон аз 6-ум то 21-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор гардида, дар ин мусобиқа 419-варзишгар аз 93-кишвари ҷаҳон иштирок менамояд.