Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” дар такя ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо бориши кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона дар баъзе ҳолатҳо барфи тар меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа пешгӯӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 15+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.