27 апрел вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини Вазири тиҷорати Туркия Мустафа Тузҷу баргузор гардид. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар додааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва имконияти рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар доираи Комиссия байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ нақши муҳим дорад. 11-13 октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 11-уми ин комиссия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа масъулини вазорату идораҳо ва роҳбарияти намояндагиҳои дипломатии ду кишвар, сармоягузорон, инчунин субъектҳои бахши хусусии Тоҷикистон ва Туркия ҷиҳати баррасии доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ иштирок намуданд.
Инчунин дар доираи ҷаласаи мазкур 13 октябр баргузории Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистону Туркия ва вохӯриҳои В2В соҳибкорон ва сармоягузорон бо иштироки беш аз 100 субъекти бахши хусусии Тоҷикистон ва Туркия доир гардид.