Натиҷаҳои сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 30-солагии барқарории муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, мушкилоти афзоиши партовҳои сахти маишӣ дар кишвар, аз мавзуҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 21 апрел бо нашри мақолаи таҳлилие бар нақши муҳими ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар рушди иқтисоди кишвар таъкид кардааст. Муаллиф бо такя ба назари таҳлилгарон навиштааст, ки кишварҳои пешрафта ба масъалаи рушди низоми моликияти зеҳнӣ диққати махсус медиҳанд, зеро дарки асосҳои моликияти зеҳнӣ ба бедор шудани завқи ихтироъкорӣ ва истифодаи минбаъдаи маҳсулоти инноватсионӣ, дар маҷмуъ, ба пешрафти давлат муосидат менамояд.
Ба гуфтаи Шавкат Вализода, муовини якуми раҳбари «Маркази миллии патенту иттилоот» дастоварди муҳимтарини низоми моликияти зеҳнӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин гузариши масъалаҳои рушди моликияти зеҳнӣ аз сатҳи идоравӣ ба сатҳи давлатӣ ба ҳисоб меравад. Аз сӯи дигар Вализода таъкид кардааст, ки сарфи назар аз дастовардҳои муайян, моликияти зеҳнӣ ҳоло ҳам омили калидӣ дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нагардидааст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигари хеш навиштааст, ки бо фарорасии баҳор ва боришоти зиёд нигаронии садҳо сокинони деҳаҳои назди Шураксой, Девонасой ва Тебалай дар минтақаи Кӯлоб зиёд мешавад. Муаллиф ёдовар шудааст, ки баъди боришоти харобиовари моҳи майи соли 2021, ки дар маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Кӯлоб 145 хонаи истиқоматӣ, хисороти ҷиддӣ диданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои сохтмонӣ дар сойи Тебалай, Шӯраксой ва Девонасой дар соли 2021 22 миллиону 450 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.
Ба гузориши муаллифи матлаб айни замон сатҳу сифати корҳои соҳилбандӣ ва барқарорсозӣ дар мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардида, бо суръати баланд идома дошта, зери назорати ҷиддии масъулони соҳа қарор дорад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 16 апрел ба муносибати 30-солагии барқарории муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Арабистонӣ Саудӣ, мусоҳиба бо сафири ин кишвар дар Душанбе Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдонро нашр кардааст. Сафири Арабистон дар посух ба масъалаи имкони ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон гуфтааст, ки ин мавзӯъ дар баррасии ниҳодҳои салоҳиятдори ҳар ду кишвар қарор дошта, атрофи он бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар шуда, он ҳатман то марҳилаи амалишавӣ пайгирӣ хоҳад шуд.
Дар мавриди самтҳои ояндадорӣ ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, сафир Валид ибни Абдурраҳмон ба бахшҳое, аз қабили «энергетикаи сабз», истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, чорводорӣ ва инчунин ва соҳаи гардишгарӣ ишора кардааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 20 апрел дар мақолае навиштааст, ки яке аз бонкҳои муваффақи тиҷоратии Тоҷикистон “Алиф Бонк” тасмим гирифтааст дар оянда аз таҷрибаи бонкдории исломӣ кор бигирад. Муаллиф навиштааст, ки ин тасмими раҳбарияти бонки мазкур барои муштариёнаш ғайриинтизор ва ногаҳонӣ будааст.
Дар ин миён бархе сокинон аз маҳдудиятҳои ҷоришуда барои пардохти баъзе аз хизматрасониҳои хилоф бо муқаррароти бонкдории исломӣ бо истифода аз кортҳои Алиф Бонк, изҳори норизоятӣ кардаанд. Ҳамзамон бархе коршиносон истифода аз низоми бонкдории исломиро ба нафъи иқтисоди кишвар донистанд, ки ба ин васила имкони ҷалби бештари пасандозҳои аҳолӣ ба бонкҳо фароҳам шуда, боиси тақвияти эътимод ба низомии бонкии кишвар мешавад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 21 апрел дар сармақолаи худ бо номи “Танзими нархҳо ва кӯмак ба камбизоатон” навиштааст, ки дар Тоҷикистон нақшаи зиддибуҳронӣ барои коҳиши таъсири паёмадҳои буҳрони Украина ба иқтисоди кишвар таҳия шудааст. Ба навиштаи нашрия ин барнома аз 5 қисм ва 50 банд иборат буда, аз ҷумла дар таъмини рушди макроиқтисодӣ ва ҷилавгирӣ аз хатарҳо ба низоми бонкии кишвар, ҳифзи иҷтимоии қишри осебпазири ҷомеа ва дастгирии муҳоҷирони корӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва таъмини босуботи фаъолияти корхонаҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре ин мавзӯро матраҳ кардааст, ки чаро то ҳол дар Тоҷикистон корхонаҳои коркарди партовҳо вуҷуд надорад? Ба навиштаи муаллиф дар Тоҷикистон айни замон 70 майдони ҷамъоварии партовҳо дар майдони беш аз 300 гектар вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар минтақаи шарқии шаҳри Душанбе майдони ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ вуҷуд дорад, ки дар наздики 30 миллион метри мукааб партов ҷамъ шудааст ва ҳамарӯза аз пойтахт ба ин минтақа аз 600 то 700 тонна партов кашонида мешавад.
Аммо ба таъкиди муаллиф лоиҳаи сохтмони корхонаи коркарди партовҳо дар Душанбе, ки бояд соли 2020 амалӣ мешуд, ҳамчунон рӯи коғаз боқӣ мондааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи коршиносон беш 40 дарсади таркиби партовҳоро метавон ҳамчун ашёи хоми дуюмдараҷа дубора коркард намуд.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 21 апрел дар мақолае навиштааст, ки дар 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бақия қарзи андоз ба ҳолати 1 марти соли ҷорӣ, беш аз 180 миллион сомониро ташкил додааст. Ба навиштаи муаллиф бақияи қарзи андоз бештар аз ҳама дар 10 шаҳру ноҳия аз ҷумла, Восеъ, Кушониён, Вахш, Кӯлоб, Ҷомӣ, Балхӣ, Бохтар, Шаҳритус ва Данғара мушоҳида мешавад.
Нашрияи “Фараж” дар матлаби дигаре мушкилоти хонаҳои баландошёнаи нотамом дар пойтахтро баррасӣ карда, навиштааст, ки бо биноҳои зиёди пайи ҳам сохташуда, вале бе зерсохтҳои маишӣ чӣ бояд кард? Нашрия аз қавли як сокини чунин баландошёнаҳо навиштааст, ки дар байни се бинои 11-ошёна танҳо як майдончаи хӯрди варзишӣ сохта шудааст, ки барои сокинон басанда нест ва бар иловаи ин бошандагони биноҳо таваққуфгоҳ барои мошин умуман надоранд.
Дар баробари ин муаллиф менависад, ки ба далели ба дарозо кашидани сохтмони баъзе аз биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, нафароне, ки хона харидаанд, маҷбур мешаванд, ки дар биноҳои нотамом зиндагӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонун то замоне, ки комиссияи давлатӣ биноро қабул накунад, буду боши сокинон дар он мумкин нест.