Дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, ки аз 3-юм то 8-уми май дар Македонияи Шимолӣ баргузор мешавад, ширкат меварзад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш хабар дод.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), дар мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА, ки дар Скопйе баргузор мегардад, бо тимҳои Македонияи Шимолӣ рӯзи 3-май, Гондурас 5-май ва Косово 8-май дидор анҷом медиҳад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад.
Баъди ба анҷом расидани мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА дастпарварони Зайниддин Раҳимов ба Душанбе бармегардад ва дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола иштирок хоҳанд варзиз. Баргузоршавии ин мусобиқа аз 11-ум то 21-уми май ба нақша гирифта шудааст.
Мусобиқаи байналмилалии рушди УЕФА байни дастаҳои наврасон (U-16)
Даври 1-ум
3-май (сешанбе)
Соати 19:00 Македонияи Шимолӣ – Тоҷикистон
Соати 19:00 Косово – Гондурас
Даври 2-юм
5-май (панҷшанбе)
Соати 19:00 Гондурас – Тоҷикистон
Соати 19:00 Македонияи Шимолӣ – Косово
Даври 3-юм
8-май (якшанбе)
Соати 14:00 Тоҷикистон – Косово
Соати 20:00 Македонияи Шимолӣ – Албания
Эзоҳ: Оғози бозиҳо ба вақти Душанбе пешбинӣ шудааст.