Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ тасмим гирифтаанд, ки ба хотири афзоиш додани гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар маркази логистикӣ бунёд намоянд.
Ин масъала зимни мулоқоти маҷозии вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва вазири саноат ва захираҳои маъдани Арабистони Саудӣ Бандар Алхораиф мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар додааст маркази матбуоти вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Ба гузориши манбаъ, зимни мулоқот зикр гардид, ки ин маркази логистикӣ савдои байни кишварҳоро афзоиш дода, молу маҳсулотро нисбат ба масирҳои анъанавии логистикӣ зудтар интиқол медиҳад ва молҳоро маблағгузорӣ мекунад.
Шералӣ Кабир қайд кард, ки Тоҷикистон барои рушди саноат ва фановариҳои нав дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пахта ва дорусозӣ имконоти кофӣ дорад. Пойгоҳи логистикӣ як маркази бузурги логистикӣ мебошад, ки дар он тамоми маҷмӯи амалиёти коркарди бор анҷом дода мешавад.
Сохтмони чунин марказҳои бузурги логистикӣ тамоюлест, ки дар бисёр кишварҳои ҷаҳон хеле машҳур гардидааст. Парки логистикӣ ҷараёни борро муттаҳид мекунад — молҳо нигоҳ дошта мешаванд, коркард ва ба дигар анбор тақсим карда мешаванд. Хусусияти фарқкунандаи он қобилияти бор карда фиристодани маҳсулот тавассути намудҳои гуногуни нақлиёт ва пурра кардани мол мебошад.