“Тоҷикистон”: Миёни занони зиндонӣ Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба муҳимтарин таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳон таваҷуҳ карда, дар сафҳаҳои хеш матолиби ҷолиби таҳлилӣ ва хабарӣ нашр кардаанд.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 28 март мақолае бо номи “Саноат. Либоси мактабӣ аз мушкилоти ҳалталаб боқӣ мемонад!” чоп карда навиштааст, ки тибқи омори расмӣ соли гузашта 72 корхонаву коргоҳи дӯзандагии ватанӣ беш аз 2,6 миллион либоси мактабӣ истеҳсол намудандаммо нақшаи таъмини либоси мактабӣ дар ҷумҳурӣ, ки соли хониши 2021 – 2022 истеҳсоли зиёда аз 3 миллиону 100 ҳазор  донаро дарбар мегирифт, пурра иҷро нагардид.

Ба навиштаи муаллиф, дар айни замон барои дӯхти либоси босифати истеҳсоли ватанӣ дар баробари норасоии таҷҳизоти нав ва ашёи хом, аз ҷумла матоъ мушкили асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина муаллиф таъкид мекунад, ки эҳтиёҷоти умумии корхонаҳои дӯзандагӣ ба матоъ наздики 8,5 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад. Яъне корхонаҳои дӯзандагии кишвар, танҳо 30 дарсад бо матои тавлиди ватанӣ таъмин шуда,  беш аз 70 дарсади матоъ бошад аз хориҷи кишвар ворид мешавад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре навиштааст, чанд сол аст, ки сокинони деҳоти Сугати ноҳияи Лахш азоби бероҳию набудани кӯпрукро мекашанд. Зеро ҳар баҳор бо сабаби омадани сел дар ин минтақа кӯпрукчаи ларзони онҳо, воқеъ дар километри 218-уми шоҳроҳи Душанбе – Ваҳдат – Рашт – сарҳади Қирғизистон, ки ин деҳотро бо маркази ноҳия мепайвандад, туъмаи дарёи Сурхоб мегарддад.

Ба навиштаи муаллиф, ҳар сол вақти сар задани ҳодиса масъулон пайдо шуда, даст дар миёну ҳолатро аз назар мегузаронанду бо ҳамин нопадид мегарданд. Аз амали онҳо дараке намешавад. Боз ҳам мардуми аз ин мушкил солҳо дар ранҷбуда аз ҳар ҷо тахтапораю масолеҳ ҷамъ оварда, кӯпрукчаи дигари ларзонак месозанд, то баҳори дигар…

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 31 март хабар додааст, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси Намояндагон аз Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон, ки 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, ҷонибдорӣ карданд. 

Гуфта мешавад, бо назардошти он ки солҳои охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафар намудан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистонро доранд, афзоиш ёфта истодааст ва бо сабаби кам будани муҳлати вақти бақайдгирӣ баъзан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Тибқи ин Протокол, шаҳрвандони давлати яке аз тарафҳо, ки ба қаламрави давлати дигар ворид мешаванд, аз зарурати бақайдгирӣ ба муҳлати 10 рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштани сарҳади давлатӣ озод мешаванд. Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир муҳлати иқомати бидуни қайд барои шаҳрвандони Тоҷикистон 3 рӯзро ташкил медиҳад.

Нашрияи “Садои мардум” дар мақолаи дигаре ин мавзӯъро матраҳ кардааст, ки чаро дар Тоҷикистон ба дучархасаворӣ таваҷҷуҳ кам аст. Муаллиф дар ин замина ба унвони мисол навиштааст, ки дар Олмон дучархасаворон 75,8 фоизи сокинон, Дания ва Нидерландия ин нишондиҳанда мутаносибан ба 80 ва 99 фоиз баробар аст.

Бо назардошти ин, ҳоло замоне фаро расидааст, ки мо низ дар кишвар дар бораи ояндаи ин навъи нақлиёт ва таъмини шароит барои рушди он тадбир андешем. Азбаски дар қисматҳои гуногуни роҳҳои автомобилии пойтахт танбашавӣ ба вуҷуд омада, нархи сӯзишворӣ рӯз то рӯз баланд мегардад, мо низ бояд мисли сокинони Барселона бигӯем: «Ба мо ғурриши мошинҳо, газҳои онҳо ва танбаҳо аз автомобилҳо лозим нестанд!» – хулоса кардааст муаллиф.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи  30 март гузорише аз маҳбаси занона дар шаҳри Норак нашр кардааст. Нахуст муаллиф аз коргоҳи истеҳсоли макарон ва дузандагӣ  дар маҳбас боздид кардааст, ки занони маҳбус дар он кор мекунанд. Маҳсулоти коргоҳ барои худи бошандагони ин муассисаи ислоҳӣ пешниҳод мешавад.

Дар ин миён муаллиф бо чанд нафар аз занони маҳкумшуда суҳбат кардааст, ки аксари онҳо гуфтаанд барои ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз ҷумла барнагардонидани пули қарзи бонк ва шаҳрвандон маҳкум шудаанд.  Дар баробари ин дар маҳбас китобхона мавҷуд буда, миёни занони маҳбас ҳамасола озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мешавад. Ба гуфтаи масъулин, дар ин маҳбас 237 нафар занон адои ҷазо намуда, вобаста ба ҷиноятҳои содиршуда ба гурӯҳҳо тақсим шудаанд.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре ин саволро матраҳ кардааст, ки чӣ бояд кард то хидмати маҷбурӣ дар артиш аз байн равад?  Муаллиф дар ин замина ба тақвияти корҳои ташвиқу тарғиби шарафи хидмат дар артиш таъкид кардааст. Ба унвони мисол муаллиф гуфтааст, ки дар китоби забони модарии синфи 1, ки 190 саҳифа дорад, танҳо дар як сафҳаи он аз Артиши миллӣ ёд шудааст.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 31 март дар саҳифаи аввали хеш мақолае бо номи “Доллар лозим нест” нашр карда, навиштааст, ки тайи рӯзҳои охир бонкҳои кишвар аз харидории доллар худдорӣ мекунанд.  Далел  набудани пули сомонии нақд гуфта мешавад. Дар ҳамин ҳол муаллиф таъкид кардааст, аксари нафароне, ки долларҳоро мефурӯшанд, афроде ҳастанд, ки ғайриқонунӣ ба саррофӣ машғуланд. Аз ин рӯ, дар андак ҳолати тамоюли пастравии арзиши доллар дар бозор, зуд мехоҳанд аз ба истилоҳ аз “баргҳои сабз” халос шаванд.

Аз сӯйи дигар, муаллиф аз қавли иқтисодшиносон навиштааст, ки арзиши сомонӣ нисбати долларро асосан қурби пули русӣ муайян мекунад ва бо болоравии арзиши рубли русӣ дар бозори кишвар, арзиши доллар нисбати сомонӣ баръакс коҳиш меёбад.

Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре ин мавзӯъро матраҳ кардааст, ки хонаводаҳо барои таваллуди фарзанд дар Тоҷикистон чӣ миқдор маблағ сарф мекунанд. Муаллиф зимни ҳисоби ҳамаи хароҷоти оилаҳои ҷавон, шурӯъ аз сабти ном дар маркази саломатӣ, ташхисҳои лозима то рӯзи таваллуд ва бистарӣ шудан дар таваллудхона ба хулосае расидааст, ки ба ҳисоби миёна оила барои фарзанддор шудан аз 4500 то 5000 ҳазор сомонӣ харҷ мекунад.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 31 март мақолае бо номи “Ҷаҳиши нарх: Роҳи наҷот барои Тоҷикистон кадом аст?” чоп карда, масъалаи роҳҳои муассири танзими нархҳо дар бозорро матраҳ кардааст. Муаллифи матлаб дар ин замина таъкид кардааст, ки назорати давлатии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозор наметавонад мушкилро ҳал кунад, зеро дар ин ҳолат маҳсулот камчин шуда, тиҷорати он дар бозори сиёҳ авҷ мегирад.

Ба гуфтаи муаллиф, қабл аз ҳама бояд имтиёзҳои давлатӣ ба ҳамаи истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони маҳсулоти ғизоӣ дода шавад, додани имтиёз ба қисме аз он мушкилро ҳал карда наметавонад, баръакс метавонад вазъиятро бадтар кунад.

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,

Радиои “Тоҷикистон”