Имрӯз, 1 апрел мусобиқаи GRAND SLAM ANTALYA-2022 оғоз гардид. Дар рӯзи аввали мусобиқа Тоҷикистонро се ҷудокор: Меҳрзод Суфиев, Шаҳбоз Саидаброров ва Абубакр Шеров муаррифӣ намуданд.
Меҳрзод Суфиев дар вазни -60кг, дар нахустин рақобаташ аз Франсиско Менези португалӣ шикаст хурд ва аз идомаи сабқатҳо маҳрум гардид.
Ҷудокори дигари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров дар вазни -66кг ҳунарнамоӣ кард. Ӯ дар даври аввал озод буд ва рақобатро аз даври дуюм муқобили Эрик Такабатаке аз Бразилия оғоз намуд. Мутаассифона, Шаҳбоз дар яке аз лаҳзаҳо ба хотири дифои нораво бо сар “хансоку-маке” дарёфт карда, ҳарифаш ғолиб эълон гардид.
Намояндаи дигари Тоҷикистон дар вазни -66кг Абубакр Шеров дар даври аввал бо ду “ваза-ари” бар Грегг Варей ҷудокори Британияи Кабир дастболо шуд. Абубакр дар даври дуюм варзишгари Испания Адриан Нието Чинарро бо баҳогузории “иппон” мағлуб кард. Аммо мутаассифона дар даври сеюм аз ҷудокори маъруфи Озарбойҷон – Орҳан Сафаров бо дарёфти се “шидо” (огоҳӣ) ноком шуд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб гардид.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”