Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ”-ро ба масоҳати 1 ҳазор метри мураббаъ ва баландии 3,5 метр дар вилояти Хатлон кушоданд.
Тавре дафтари матбуоти президент хабар медиҳад, Хона-музей бо назардошти унсурҳои бостонии шаҳрсозии халқи тоҷик бунёд ёфтааст. Хонаи рамзии Мавлоно аз ҳавлии дарун ва берун иборат мебошад. Аз ҷумла даромадгоҳ, ҳавлии берун, дарсхона, макони истироҳат, чиллахона, хонаҳо барои мардону занон ва ғайраро дар бар мегирад.
Манбаъ афзуд, ки “Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ” намои қадимаро ба худ касб карда, он тарзу усули зиндагонии аслии давраи гузаштаи адиби халқи тоҷикро муаррифӣ мекунад.