20 март Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи тиҷоратии «Боҳтуробод»-и шаҳри Левакант ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшиданд.
Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии «Боҳтуробод» дар ҳудуди деҳоти «Гулистон» аз хоҷагиҳои калонтарин ва серсоҳа маҳсуб ёфта, ҳамасола дар хоҷагӣ дар майдони умумии 244 гектар пахта, сабзавот аз ҷумла картошкаву пиёз, ҷуворимакка ва ғалладона кишт карда мешавад.
Қабл аз оғози мавсими кишти баҳории пунбадона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи тухмии зироатҳо, кӯчати помидору бодиринг, сабзавоти тару тоза, гулҳои гуногун ва ғалладонагӣ шинос шуда, доир ба вусъат бахшидани мавсими кишти имсола дастуру супоришҳо доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи навъҳои серҳосили ғалладона, картошка, сабзавот, рушди боғу токпарварӣ ва афзун намудани иқтидори содиротӣ ба деҳқонон дастуру тавсияҳо доданд. Дар намоишгоҳ тухмиҳои картошка, шолӣ ва лубиёдонагиҳо низ пешниҳод карда шуд.
Баъд аз боздиди намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ниятҳои накӯи фаровонии ҳосил ба кишти пунбадона ва мавсими кишту кори баҳорӣ оғоз бахшиданд.
Соли дуюм аст, ки дар Кооперативи тиҷоратии тухмипарварии «Боҳтуробод»-и шаҳри Левакант бо техникаҳои замонавӣ ва бо усулҳои ҷадид, яъне масофа гузоштан дар байни қаторҳо то 90 см пахта парвариш мекунанд. Ин навъи кишти пунбадона чигитро сарфа карда дар як гектар 190-ҳазор ниҳоли пахта нашъунамо меёбад. Тавре маълум гардид айни замон дар хоҷагии мазкур 50 тонна чигити аълосифати навъи Австралиягӣ захира карда шуда, дар хоҷагии мазкур ва дигар хоҷагиҳои ҳамшафат низ аз ҳамин навъи чигит парвариш хоҳанд кард.
Пахта аз маҳсулоти асосии содиротии давлат маҳсуб ёфта, сол то сол арзиши аслии маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ дастур дода шуд, ки кишоварзон тибқи нақша масоҳати кишти пахтаро васеъ карда, дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ муваффақ гарданд.
Барои саривақт анҷом додани кишти пунбадона дар Кооперативи тухмипарварии «Боҳтуробод»-и шаҳри Левакант тракторҳои замонавӣ, байниқаторӣ, ду адад тухмипошак, трактор барои коркарди байни қаторҳо мавҷуд буда, фурсати муносиб ҷиҳати дар муҳлати оптималӣ анҷом додани кишти зироат мавҷуд аст. Дар хоҷагии мазкур беш аз 400 нафар саҳмдорон фаъолият мекунанд. Ҳамчунин дар хоҷагӣ ғалладонагиҳо сабзавоти барвақтии картошка ва дигар навъи сабзавот аз ҷумла сабзӣ, пиёз кишт карда шуда, дар 16-гектар низ боғҳои намунавии содиротӣ парвариш мекунанд. Кишоварзони шаҳри Левакант баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти содиротии пахта ва дигар навъи зироату сабзавот талош варзида, кӯшиш мекунанд, ки дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ, ҳамзамон бозорҳои маркази вилояти Хатлонро бо анвои тару тозаи ғизоӣ таъмин намоянд.