Бахшида ба рӯзи матбуоти тоҷик дар Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори омма”- и Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-оммавӣ дар мавзуи “Матбуоти тоҷик: дастовард ва мушкилот” баргузор гардид, омадааст дар хабари сомонаи Академия воситаҳои ахбори омма.
Дар ҳамоиш раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Ҳуриниссо Ализода дар мавзуи “Масъалаҳои имрӯзи матбуот” маъруза карда, оид ба риояи меъёрҳои журналистикаи тоҷик ва дигар паҳлуҳои муҳими он дар доираи қонунҳои амалкунанда маърӯза кард.
Дар ҳамоиш кормандони соҳа, муҳаррирони нашрияҳои даврӣ, мутахассисони соҳаи телевизион ва радио, омӯзгорону донишҷӯёни бахшҳои журналистикаи Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва Донишкадаи фарҳанг ва санъат иштирок доштанд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба чанде аз фаъолони соҳа сипоснома дода шуд.