Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ зимни як ҳамоиш вазъи мавҷудаи Бадахшон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора дафтари матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки сабаби рушди фарогири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадбирҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки сатҳи зиндагии сокинони шаҳру ноҳияҳои онро рӯз то рӯз боло мебарад.
Зимни суханронӣ мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода талошҳои раисҷумҳури Тоҷикистонро ёдоварӣ намуда гуфт, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар қаламрави вилоят 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расид.
Ӯ афзуд, татбиқи 14 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ айни ҳол идома дорад.
Номбурда ҳамзамон гуфт, дар ин давра дар вилоят дар бахши энергетикӣ 24 лоиҳаи хурду миёна ба маблағи 1,7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, имрӯзҳо амалисозии 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ давом дорад.
Ҳамчунин дар ҳамоиш кормандони марказ дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фазои иттилоотии Бадахшон ва вазъи ҷавонон суханронӣ карданд.