Рустами Эмомалӣ зимни сафари расмӣ ба Озарбойҷон аз Оҷонсии хидматрасониву навовариҳои иҷтимоӣ ва Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев – нахустин раисҷумҳури ин кишвар боздид намуд.
Ба гузориши хадамоти матбуотии раиси шаҳри Душанбе, Оҷонсии хидматрасониву навовариҳои иҷтимоӣ соли 2021 ба хотири кам кардани хароҷоти шаҳрвандон, ба амал баровардани хидматрасониҳои давлатӣ, бартарафсозии монеаҳои идоравӣ, баланд бардоштани шаффофият, пурзӯр намудани мубориза бо фасод, эътимод ба мақомоти давлатӣ ва истифодаи васеи хидматрасониҳои электронӣ таъсис ёфтааст.
Гуфта мешавад, дар марказҳои оҷонсии мазкур шаҳрвандон метавонанд новобаста аз маҳалли бақайдгирӣ, аз ҷониби вазорату идораҳо ва 30 ширкату корхонаи хусусӣ беш аз 300 намуди хидматрасониҳои электрониро тибқи принсипи «равзанаи ягона» истифода кунанд. Муҳлати хидматрасонӣ ба шаҳрвандон 5-10 дақиқаро ташкил медиҳад.
Боиси тазаккур аст, ки Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев фарогири маркази конгресс, осорхонаи аввалин президенти Озарбойҷон ва толорҳои гуногуни намоишӣ мебошад.
Самти фаъолияти ин ниҳодҳо омӯзиши бунёдии фалсафаи эъмори кишвардорӣ ва идеологияи миллии нахустин раисҷумҳури Озарбойҷон Ҳайдар Алиев буда, ба рушди ҳамаҷонибаи таърих, забон, арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва маънавии ин диёр равона гардидааст.
Маркази мазкур соли 2012 аз рӯйи лоиҳаи меъмор Заҳа Ҳадид бунёд гардида, яке аз рамзҳои Бокуи муосир маҳсуб мешавад. Соли 2014 он ҳамчун беҳтарин бино дар ҷаҳон эътироф гардид.