Нигарониҳо аз афзоиши хариду фурӯши ғайриқонунии замин дар кишвар, таъсири таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба иқтисоди кишварҳои Осиёи марказӣ, тасмими бозсозӣ ва таҷдиди корхонаи нуриҳои минералии “Азот” ва пайомадҳои афзоиши пошхӯрии оилаҳои ҷавон барои ҷомеаи кишвар аз мавзӯъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 2 март навиштааст, ки афзоиши бекоршавии ақди никоҳ дар кишвар аз мушкилоти доғи ҷомеа боқӣ мондааст. Ба навиштаи муаллиф, тибқи иттилои Агентии омор аз соли 2010 то оғози соли 2022 дар кишвар беш аз 112 ҳазор оила аз ҳам пош хӯрдааст, ки сол ба сол ин падида тамоюли болоравӣ дорад. Яъне агар соли 2010 дар кишвар 6019 ақди никоҳ бекор шуда бошад, пас ин рақам дар соли 2021 ба 13714 расид, ки беш аз ду баробар зиёд мебошад.
Муаллиф дар идома менависад, аз шумораи ақди никоҳе, ки соли гузашта бекор гардидааст, беш аз 10 ҳазори он бо қарори судҳо буда, дар натиҷа 14814 кӯдак дар тарбияи яке аз волидон вогузор шудааст, ки ин ҷанбаи масъала хеле нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди муаллиф, тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ соли 2021 танҳо аз ҷониби ноболиғон 763 ҷиноят содир гардидааст, ки дар қиёс ба як соли пеш зиёд буда ва таҳлилҳо дар ин самт нишон доданд, ки аксари ноболиғони даст ба ҷиноятзада аз оилаҳои носолиманд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре бо номи “Афғонистон. Аз фоҷеаи башарӣ то ояндаи норӯшан” навиштааст, ки теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ дар Афғонистон вақтҳои охир дучанд афзуда, бо назардошти ин Афғонистон, бешубҳа, таҳдиде барои кишварҳои ҳамҷавор ва минтақа боқӣ хоҳад монд.
Муаллиф менависад, эҳтимол аст, ки номуайянии нигаронкунанда дар атрофи Афғонистон солҳо ё даҳсолаҳо идома ёфта, таҳдиди асосӣ ин эҳтимоли истифодаи террористон аз хоки Афғонистон ҳамчун пойгоҳ барои ноором кардани кишварҳои минтақа аст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 3 март хабар додааст, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати «Осиё Кемикал» дар заминаи бозсозӣ ва фаъол кардани корхонаи «Азот» тасвиб шуд. Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар ин ҷаласаи парлумон гуфтааст, ки лоиҳа бо маблағгузории 20 миллион доллар амалӣ шуда, иқтидори истеҳсолии солонаи нуриҳои минералӣ ба 180 ҳазор тонна баробар карда мешавад. Ба гуфтаи Қодирзода, дар ҳолати пурра ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намудан корхона метавонад талаботи кишварро ба намудҳои гуногуни нуриҳои минералӣ таъмин намояд, ки вобастагиро аз бозори воридотӣ коҳиш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки айни замон шумораи коргарон дар корхона ба 533 нафар баробар гардида, марҳила ба марҳила баъди васлу насб ва ба кор даромадани хатти истеҳсолӣ шумораи онҳо ба 1005 нафар расонида мешавад.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 1 март матлабе аз натиҷаи муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи раванди иҷрои Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» нашр кардааст. Муаллиф аз қавли Ғайрат Азиззода, вакили Маҷлиси намояндагон навиштааст, ки тибқи таҳлилҳо иҷрои барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо дар вилояти Суғд 68 фоиз, вилояти Хатлон 96,6 фоиз, ВМКБ танҳо 34,9 фоиз иҷро гардидаанд.
Дар баробари ин, ба гуфтаи Ғайрат Азиззода, аз ҷониби прокуророн дар соли 2021 ба 1331 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, бинобар мухолифат доштанашон ба меъёрҳои қонун, эътироз оварда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2020 қариб 300 адад эътироз зиёдтар аст.
Ҳамчунин аз таҳлили нишондиҳандаи солҳои 2020-2021 бармеояд, ки аз ҷониби мақомоти прокуратура дар ду сол ба 2386 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шудааст, ки 1896 адади он ё худ 79,6 фоиз ба вайрон намудани қонунгузории замин рабт дорад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 2 март ба муносибати Рӯзи модарон, ки ҳамасола 8 март ҷашн гирифта мешавад, дар саҳифаи аввали хеш акси панҷ зани муваффақи тоҷик дар ҷаҳонро ҷой кардааст. Яке аз ин занон Дилафрӯз Хоникбоева зодаи Тоҷикистон аст, ки 34 сол дошта айни замон ба ҳайси мушовир дар Агентии рушди байналмилалии Амрико фаъолият дорад. Дувумӣ Манижа Сангин, овозхони маъруфи тоҷиктабор дар Русия аст, ки соли 2021 ин кишварро дар озмуни “Евровидение” муаррифӣ кард. Баъдан нашрия аз нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ ном бурдааст, ки дар ҳоли ҳозир дар Маскав ва Лондон кору зиндагӣ мекунад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре таъсири таҳримҳои сангини Амрикову Аврупо алайҳи Русияро барои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Масъули яке аз бонкҳои тиҷоратии кишвар гуфтааст, ки таҳрими бонкҳои Русия дар интиқоли пули муҳоҷирон халале ворид намекунад, зеро муҳоҷирон асосан бидуни кушодани суратҳисоб ба Тоҷикистон пул интиқол медиҳанд.
Аммо гуфта мешавад, ки ширкатҳои тиҷоратӣ дар муомила бо шарикони худ дар Русия, эҳтимол дорад дар заминаи интиқоли пули бор бо мушкилот рӯ ба рӯ шаванд. Ҳамзамон ба гуфтаи коршиносон, таъсири дигари таҳримҳо алайҳи Русия коҳиши арзиши рубл аст, ки даромади муҳоҷирони меҳнатиро кам мекунад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 2 март масъалаи минтақаҳои хатарзо дар пойтахтро баррасӣ карда, аз қавли Кумитаи ҳолатҳои фавқулода навиштааст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 6 минтақаи барои зиндагӣ хатарнок вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин ҳудудҳо 400 хоҷагӣ бо 1500 нафар мардум зиндагӣ доранд. Маҳалаҳои Машъал, Мирзобек, Ҳазрати Мавлоно, Навобод ва Теппаҳои шарқӣ аз ҷумлаи минтақаҳое дониста шудаанд, ки дар он хатари омадани сел бар асари боришоти зиёд вуҷуд дорад.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигари ин шумораи хеш аз тӯл кашидани сохтмони бинои нави Театри давлатии русии ба номи Маяковский, ки наздики 6 сол идома дорад, интиқод кардааст. Муаллиф навиштааст, ки то кунун барои бунёди бинои ин театр 7 миллиону 445 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, бо ин маблағ танҳо 40 дарсади корҳои сохтмонӣ иҷро шудааст. Далели аслии кундии раванди сохтмон камбуди маблағгузорӣ дониста мешавад, ки бо оғози пандемия то ба 1 миллион сомонӣ дар як сол кам карда шудааст.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 3 март дар сармақолаи худ мавзӯи хариду фурӯши ғайриқонунии замин дар вилояти Хатлонро матраҳ кардааст. Муаллиф дар ин замина ёдовар шудааст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари ахир ба вилояти Хатлон аз бекоршавии 400 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва хариду фурӯши замин дар ин вилоят изҳори нигаронӣ кардааст.
Нашрия аз қавли Варқа Зайниддин, ёрдамчии калони Прокурори вилояти Хатлон навиштааст, ки соли 2021 4 ҳазору 545 га қитъаҳои замини худсаронаи ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимшуда ба ҳолати аввала баргардонида шудааст ва ин нисбат ба соли 2020 425 га зиёд аст.
Нашрияи “Фараж” дар матлаби дигаре аз як соли муборизаи Тоҷикистон бо қочоқи маводи мухаддир натиҷагирӣ карда, бо такя ба омори Агентии назорати маводи нашъаовар навиштааст, ки соли 2021 дар кишвар беш аз 4 тонна анвои маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст, ки дар қиёс ба соли 2020 1 тоннаву 658 кг ё худ 68,4 % зиёд аст.
Ба навиштаи муаллиф, бо вуҷуди он ки Толибон иддаои мубориза бо кишту тавлиди маводи мухаддирро мекунанд, аммо маҳз баъди сари қудрат омадани ин гурӯҳ дар Афғонистон қочоқи мухаддарот афзоиш ёфта, танҳо дар се моҳи охири соли гузашта дар Тоҷикистон 2 тонна маводи нашъаовар мусодира шудааст.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,
Радиои “Тоҷикистон”