Донишгоҳи давлатии тиб,ии Тоҷикистон аз даргузашти Подабон Зоиров донишманди шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои тиб, Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон, устоди мумтоз ва олими пухтакор, профессори кафедраи дерматовенерологияи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” хабар дод.
Гуфта мешавад, ин донишманди соҳаи тиб имрӯз дунёро падруд гуфтааст, аммо иллати марги ӯ оварда нашудааст.
Подабон Зоиров соли 1941 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, пас аз хатми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1965) ҳамчун устоди моҳир дар ин донишгоҳ ба таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони ҷавони соҳаи тиб саҳм гузоштааст.
Фаъолияти меҳнатиашонро бо ихтисоси «бемориҳои пӯст» оғоз намуда, самтҳои асосии фаъолияти илмиаш дерматовенерология, эпидемиология, патогенез ва муолиҷаи дерматозҳои музмин ва бемориҳои венерикӣ. Солҳои 1970-1978 ассистент дар кафедраи дерматовенерологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, солҳои 1979-1980 ходими хурди илмӣ, солҳои 1974-1980 ассистенти кафедра, аз соли 1983 мудири кафедраи бемориҳои пӯст ва венерикӣ, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба кори илмӣ (1996-2005) ва аз соли 2005-ум то кунун профессори кафедраи дерматовенерологияи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” буд.
Ҳамчун олими сермаҳсул муаллифи таълифоти зиёди илмӣ буд, ки ҳамчун таълифоти пурарзиш дар байни олимон ва мутахассисони соҳа қимати зиёдеро соҳиб мебошад.
Хизматҳои бисёрсолаи Подабон Зоиров бо мукофотҳои ордени «Шараф» дараҷаи II, Аълочии тандурустии ҶШС Тоҷикистон (1984), Дорандаи Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология (2000) тақдир шудааст.