Сар аз якуми март ҷиҳати осон шудани равуои мусофирон то маркази савдои “Кӯшониён” ба нақшаи аксари хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе тағйирот ворид шуд.
Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар медиҳад, аз ҷумла ба хатсайри автобусии №41 (дарвозаи Ғарбӣ – бозори Кӯшониён) аз самти маркази савдои “Балх”, тавассути хиёбонҳо ва кӯчаҳои Н. Ганҷавӣ, Ҷ. Расулов, Б. Ғафуров, Н. Махсум, А. Навоӣ, Карамов, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои “Кӯшониён” тағйирот ворид карда шудааст.
Ҳамчунин ба хатсайри микроавтобус (маршрутка)-и №19 (маҳаллаи Пахтакор – боғи Хайём) аз самти маҳаллаи Пахтакор тавассути кӯчаҳо ва хиёбонҳои Борбад, Шестопалов, Маяковский, С. Шерозӣ, А. Сино, М. Шерализода, Н. Ҳувайдуллоев, И. Сомонӣ, Ҳ. Шерозӣ то маркази савдои “Кӯшониён” низ дигаргунӣ сурат гирифтааст.
Манбаъ меафзояд, ҳамарӯза аз маркази савдои “Кӯшониён” хатсайри автобусии №29 (Маҳаллаи Пахтакор — бозори Кӯшониён), хатсайри автобусии №33 (Фурудгоҳи кӯҳна — бозори Кӯшониён), инчунин хатсайрҳои микроавтобусии №12 (кӯли “Чорбоғ”- МТМУ №61), №21 (кӯчаи Гагарин (ҳалқавӣ)), №52 (Терминали дарвозаи ҷанубӣ — бозори “Кӯшониён” ва №53 (кӯли “Чорбоғ”- НФС “Газпром”) ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.