Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Наврӯз-2022”, ки аз 25 то 29 март дар шаҳри Намангони Ӯзбекистон доир мегардад, ширкат меварзад. Дар ин бора Федератсияи футболи кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз-2022” чор дастаи яккачин – Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Уганда иштирок мекунанд.
Зикр мегардад, дар даври 1/2 финалии мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 25 март бо тими Уганда бозӣ мекунад. Ҳамин рӯз дар бозии дигари нимфиналӣ мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон миёни ҳам рақобат мекунанд.
Манбаъ меафзояд, ки ғолибони бозиҳои нимфиналӣ дар бозии финалии “Ҷоми Наврӯз-2022” бозӣ карда, дастаҳои бозиҳои нимфиналиро бохта барои дарёфти ҷойи сеюм рақобат мекунанд.
Гуфта мешавад, ки ҳамаи бозиҳо дар майдони дастаи футболи “Навбаҳор”-и Намангон баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки мусобиқаи “Ҷоми Наврӯз-2022” аз ҷониби Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон созмон дода шудааст.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон
Даври нимфинал
25 март (ҷумъа)
16:00 – Уганда – Тоҷикистон
20:00 – Ӯзбекистон – Қирғизистон
29 март (сешанбе)
16:00 – Бозӣ барои дарёфти ҷойи сеюм
20:00 – Финал