Кадом варзишгарони тоҷик Ҷоизаи Президенти Тоҷикистонро дарёфт карданд?

32 варзишгари муваффақи тоҷик дар соли 2021, ки дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварданд.
Маросими супоридани Ҷоизаҳои Президенти кишвар барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2021 имрӯз 1 март дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе бо ширкати собиқадорону мураббиёни варзиш баргузор гардид.
Дар ин маросим паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов беҳтарин варзишгар дар варзишҳои навъи миллӣ” дониста шуд.

Барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни варзишгарон дар соли 2021 инҳоянд:

1. Сомон Маҳмадбеков (ҷудо)
Медали нуқраи Чемпионати Осиё дар вазни -73кг (6-9.04.2021, Бишкек, Қирғизистон), 50000 сомонӣ (10000 сомонӣ ба мураббӣ)

2. Далер Ризозода (гуштини юнонӣ-римӣ)
Медали нуқраи Чемпионати Осиё дар вазни -77кг (13-18.04.2021, Алмаато, Қазоқистон), 50000 сомонӣ (10000 сомонӣ ба мураббӣ)

3. Комроншоҳи Устопирён (ҷудо)
Медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни -90кг (6-9.04.2021, Бишкек, Қирғизистон), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ)

4. Темур Раҳимов (ҷудо)
Медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни +100кг (6-9.04.2021, Бишкек, Қирғизистон), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ)

5. Миҷгона Самадова (бокс)
Медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни 57кг (24-31.05.2021, Дубай, АМА), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ)

6. Шоира Зулқайнарова (бокс)
Медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни 60кг (24-31.05.2021, Дубай, АМА), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ)

7. Баҳодур Усмонов (бокс)
Медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни 64кг (24-31.05.2021, Дубай, АМА), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ)

8. Шаббос Негматуллоев (бокс)
Медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни 81кг (24-31.05.2021, Дубай, АМА), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ)

9. Моҳру Ҳалимова (таэквандо ВТ)
Медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни -67кг (16-18.06.2021, Бейрут, Лубнон), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ)

10. Шодмон Ризоев (ҷудо)
Ҷойи якум дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 18750 сомонӣ (3750 сомонӣ ба мураббӣ)

11. Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҷудо)
Ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 12500 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббӣ)

12. Акбаралӣ Абдураҳмонзода (бокс)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

13. Искандарбек Рустамов (бокс)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

14. Абубакр Муродов (бокс)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

15. Абдураҳим Ёқубов (бокс)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

16. Сироҷиддин Ҳоҷиев (бокс)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

17. Абубакр Шеров (ҷудо)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ)

18. Масъуд Аҳмадзода (ҷудо)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ)

19. Давлатҷон Назриев (ҷудо)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ)

20. Дурандеш Зубайдов (бокс)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

21. Руслан Ғафуров (бокс)
Ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 12500 сомонӣ (ба мураббӣ 2500 сомонӣ)

22. Парвиз Абдураҳмонов (ҷудо)
Ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни наврасон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 12500 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббӣ)

23. Анушервон Фозилов (бокс)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

24. Бузургмеҳр Исканов (бокс)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

25. Шаҳбоз Додоҷонов (бокс)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

26. Муҳаммад Ҷабборов (бокс)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

27. Юсуф Фозилов (бокс)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

28. Нурланбек Эрматов (бокс)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

29. Акмалҷон Абдувалиев (бокс)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

30. Бибиҷон Музаффарова (бокс)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ)

31. Суруш Эркаев (ҷудо)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ)

32. Муҳаммад Юсуфзода (ҷудо)
Ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ).

Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”