Имрӯз аз таъсисёбии Академияи ВАО ва муассисаҳои давлатии телевизиони “Варзиш” ва телевизиони “Синамо” 6-сол сипарӣ гардид.
Дар як муддати кӯтоҳ ин шабакаҳои телевизионӣ бо пешниҳоди барномаҳои ҷолибу диданӣ маҳбубияти хоса пайдо намуда, ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
“Академияи ВАО, ки вазифаи аслии он тақвият бахшидани малакаву маҳорати рӯзноманигрон ва кормандони ВАО мебошад, дар ин муддат бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳа ҷиҳати ба бозомӯзӣ фаро гирифтани рӯзноманигорони ҷавон ва ҳайати техникии шабакаҳо машғулиятҳои омӯзишӣ ва дарсҳои маҳорат ташкил намуданд”, – зикр намуд муовини директори Муассисаи давлатии Академияи ВАО Ҳақназар Каримзода.
“Аз рӯзи аввали ифтитоҳ то ба имрӯз телевизиони “Синамо” дар тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии кишвар, муаррифии синамои миллӣ ва паҳн намудани филмҳои ватаниву хориҷӣ саҳми муносиб гузоштааст”, – иброз дошт директори телевизиони “Синамо” Набӣ Набизода.
Ба иттилои мавсуф, то ин дам дар телевизиони “Синамо” чандин филмҳои ҳунариву мустанад ба навор гирифта шуда, пешкаши тамошобинон гардонида шудааст.
Шабакаи дигари телевизионӣ Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” мебошад, ки он дарвоқеъ имрӯз ба яке аз пурбинандатарин шабака табдил ёфтааст.
Бояд гуфт, ки қабл аз таъсиси ин шабакаи телевизионӣ ягон расонаи хабарӣ дар кишвар вуҷуд надошт, ки он ба пуррагӣ дарбаргирандаи мавзӯъҳои варзишӣ бошад. Аз ин рӯ бо ташаббуси Президенти кишвар телевизиони “Варзиш” таъсис ёфт ва Сарвари давлат зимни ифтитоҳи он таъкид намуданд, ки нишондодҳои рӯзафзуни варзишгарони тоҷик дар минтақа ва ҷаҳон баробари кушодани ин шабакаи нав бояд васеъ инъикос карда шавад.
Бояд гуфт, дар замоне ки раванди ҷаҳонгаройӣ ва бархӯрди тамаддуну фарҳангҳо босуръат идома дорад, таъсиси шабакаҳои нави иттилоърасонӣ ва пойгоҳҳои хабарӣ амри зарурист, зеро имрӯз тамоми давлатҳои ҷаҳон бо истифода аз иттилоот ба афкори омма таъсир расонида, фарҳангу тамаддуни худро иҷборан ба дигарон бор мекунанд. Мавриди зикри хос аст, ки бо дастгириву таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар ва Ҳукумати кишвар шабакаҳои нави телевизионӣ вобаста ба ҳар як соҳаи муайян ташкил ёфта истодааст.