Дар Душанбе сохтмони мактаб барои 3500 хонанда оғоз мегардад. Он дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 бунёд гардида, дар ду баст амал хоҳад намуд. Дар ин бора аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе хабар доданд.
Гуфта мешавад, мактаби мазкур дар рӯ ба рӯи “Иттиҳоди Нассоҷии Тоҷик” сохта мешавад.
Лоиҳаи бинои мактаб аз сӯйи КФ КВД “Лоиҳакаш” дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таҳия шуда, фармоишгари он ҶДММ “Сарманзил” мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе соли 2021 16 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 14228 ҷой ва 14 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1980 ҷой бунёд гардиданд.